Ҳамкориҳои хориҷӣ ва байнипарлумонӣ
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагию қонунгузорӣ равобити байнипарлумонию муносибатҳои хориҷӣ мебошад, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷ ва созмону ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ марбут аст.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд бо парламентҳои кишварҳои олам ва созмонҳои мухталифи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ҷиҳати тақвият ва рушди муносибатҳо бо ин созмонҳои бонуфузи олам гурӯҳҳои миллии парламентии Маҷлиси намояндагон таъсис шуда, ҳамкориҳои амиқ роҳандозӣ шудааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё пазируфта шуда, қисме аз онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи ин ассамблея ва созмонҳои парлумонӣ интиҳоб гардидаанд.
Бо мақсади таҳкими муносиботи дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои парлумонӣ бо як зумра парламентҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Руссия, Хитой, Ҷопон, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Шри Ланка, Ветнам, Венгрия, Ҷумҳуриҳои исломии Покистону Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Куба, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Урдун, Марокаш, Белорус, Арманистон, Руминия, Словакия, Олмон, Корея, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои олам таъсис дода шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои олам дар ҳоли густариш буда, то ин давра Маҷлиси намояндагон бо зиёда аз 76 кишвар ва созмонҳои байнипарламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Равобити неку оянданигарона Маҷлиси намояндагон бо парламентҳову созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ агар аз як ҷиҳат ба рушд ва такмилу табодули таҷрибаҳои қонунгузорӣ мусоидат намояд, аз сӯи дигар дар тақвияти ҳамкориҳои давлатӣ низ нақши созгор мегузорад.