Раёсати МН
Зокирзода Маҳмадтоир-Раиси Маҷлиси намояндагон
Зокирзода Маҳмадтоир Зоир-дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Зокирзода Маҳмадтоир 24 июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноградро аз рӯи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис – заминсози Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем» оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои муҳандиси пешбар, сардори гурӯҳи назоратии шӯъбаи техникӣ, сармуҳандиси Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем», сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатӣ ва хӯроквории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи хоҷагии қишлоқ, шӯъбаи комплекси агросаноатии Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шӯъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиккоинот», Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.
Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2015-2016 дар вазифаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаст.
Аз соли 2016 то соли 2020 дар мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло – Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло 1 феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияташро соли 1985 аз вазифаи нотариуси идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фархор оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои узви суди вилояти Кӯлоб, узви суди вилояти Хатлон, муовини раиси суди вилояти Хатлон, Раиси суди шаҳри Душанбе, муовин ва муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои сеюм,чорум ва панҷум фаъолият намудааст.
Солҳои 2016-2019 ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ буда, аз 4 марти соли 2019 то 6 марти соли 2020 дар вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло – Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон
Мансурӣ Дилрабо Сайдулло 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Мансурӣ Дилрабо 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, миллаташ тоҷик, доктори илмҳои техникӣ.
Мансурова Д.С. баъд аз хатми Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз моҳи майи соли 1997 ҳамчун лаборанти калони кафедраи иқтисодиёт ва идора фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои омӯзгор, ассистенти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, баъд чун сармуаллим ва аз соли 2001 то 2008 ба сифати мудири кафедраи номбурда фаъолият бурдааст.
Соли 2010 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоxикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин гардида, то соли 2014 дар ин мақом роҳбарӣ намуда, аз соли 2014 вазифаи директори муассисаи мазкурро ба дӯш дошт. Аз соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ӯ зиёда аз 150 корҳои илмӣ чоп кардааст. Аз он ҷумла: 2 монография, 12 ихтироот, 108 мақола, 20 маърӯзаи ва 9 дастури методиро ба толибилмон пешкаш намудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров ва дорандаи медали нуқраи Симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
Қодири Қосим - Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Қодири Қосим аз 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст.
Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном боѓпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон, Котиби дуюми комитети вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон меҳнати пурсамар намудааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Аз феврал соли 2017 дар вазифаи Раиси иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2004 бо ордени «Дӯстии халқҳо» қадрдонӣ шудааст.