Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон

04 Июл 2022, Душанбе

   Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар - Решайдон мулоқот намуд.
  Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳо миёни ду кишвари бародар дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта истодаанд, гуфт дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
  Соли ҷорӣ кишварҳои мо 30 солагии барпошаваии муносибатҳои дипломатиамонро ҷашн хоҳанд гирифт. Дар раванди ташаккул ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар (солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017) нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд.
   Робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар ва инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барордарашон Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд шоҳи Арабистони Саудӣ маншаъ мегиранд.
   Ба андешаи мо имрӯз бояд барои фаъолсозии муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд ва мубодилаи сафарҳои расмии роҳбариятҳои олӣ ба кишварҳои якдигар талошҳои муштарак ба харҷ диҳем. То ба имрӯз мо зиёда аз 9 санади дуҷонибаи ҳамкориро байни ду кишвари дӯст ба имзо расонидаем, ки ин набояд ниҳояти кор бошад ва мо бояд аз доираи васеи ҳамкориҳо васеъ истифода барем.
  Механизми муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвари мо Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мебошад, ки нишасти минбаъдаи он дар кишвари мо дар давоми соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст ва умед дорем, ки љаласаи навбатии Комиссияи мазкур ба нафъи ҳарду кишвар хизмат намояд. 
  Ҳамзамон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишвари Шумо дар давоми соли 2022 дар назар дошта шудаанд. Инчунин, 30 марти соли 2022 Созишномаи ҳамкории муштарак байни Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба имзо расид. Мо дар оянда низ ҳавасманди идомаи ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ дар самти корҳои башардӯстона мебошем.
   Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дорад.
  Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистон яке аз абзорҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мегарданд. Дар ин замина 24-26 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ намуд. Сафари ҷавобии собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саудӣ 21 январи соли 2017 доир гардид. Зимни  ин вохӯриҳо ҷонибҳо саҳми равобити парлумонии ду кишварро дар самти боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар муҳим арзёбӣ намудем.
  Ба Шумо Ҷаноби Сафир ва наздиконатон, мардуми шарифи Арабистони Саудӣ пешрафту шукуфоии аз ин ҳам бештарро  таманно дорам, гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
    Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Илова кунед