Гурўҳҳои дўстӣ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд ва гуногунҷабҳаи худ бо парлумонҳои мамолики хориҷӣ ва созмонҳои мухталифи байнипарлумонии ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Ин мақоми олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евросиё мебошад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин Ассамблея ва Созмонҳои бонуфуз гурӯҳҳои миллии парламентии худро таъсис додааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба узвияти Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евросиё пазируфта шуда, чанд нафари онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи ин Ассамблея ва Созмонҳо интиҳоб гардидаанд.Бо мақсади таҳкими муносиботи дуҷонибаи парламентӣ гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои Ҷумҳуриҳои Хитой, Ҷопон, Ветнам, Покистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Куба, Қазоқистон, Узбекистон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон, Олмон, Корея, Озарбойҷон ва Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия таъсис дода шудааст.
Фаъолияти байнипарламентӣ ва робитаҳои берунии Маҷлиси намояндагон низ ҳамчун бахши муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҷараён гирифт. Дар тайи 76 сол Маҷлиси намояндагон бо чандин парламентҳои кишварҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои кории мустаҳкам барқарор намуд. Обрӯ ва нуфузи Парламенти Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ афзун гардид. Даъват ва иштироки ҳайатҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр кишварҳои дунё далели ин аст. Дар ин давра бисёр вохӯрию қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо, вакилони Маҷлиси намояндагон бо ходимони намоёни давлатӣ, сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Мулоқотҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагон бо ҳайатҳои баландрутба – президентҳои Ҳиндустон, Эрон, Хорватия, Қазоқистон, Туркия, Украина, Хитой, раисони парламентҳои Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо, бо сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ аз ҳамин қабиланд.
Чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипарламенташон бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардидаанд. Бо парламентҳои бисёр кишварҳои дунё робитаҳои корӣ барқарор шуда, бо зиёда аз 76 кишвар ва созмонҳои байнипарламентӣ гуруҳҳои ҳамкорӣ ва дӯстӣ таъсис ёфтаанд.