Роҳбарият: Раис ва муовинон


КАБИРОВ МИЗРОБ САИДОВИЧ

Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кабиров Мизроб Саидович 27 июли соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Соли 1983 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияташро аз соли 1975 дар мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар мансабҳои муовин, раиси Президиуми Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2010 Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Дорои рутбаҳои дараҷавии Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тахассусии Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2016 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17- марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.





БОҚИЕВ ЗАЙНУЛОБИДИН БАРОТОВИЧ

Муовини роҳбари Дастгоҳ - мудири шуъбаи
хоҷагӣ ва хизматрасон

5 октябри соли 1974 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таввалуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ, олӣ.

Солҳои (1991-1996) Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Бухгалтер иқтисоддон» хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси иқтисодчӣ дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд соли 1997 то 2000 оғоз намудааст.

Солҳои 2001-2002 мудири ошхонаи Ҷамъияти саҳомии «Хосият»-и шаҳри Душанбе, буда аз январ то моҳи майи соли 2002 сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи И. Сомони шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2002-2004 Котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғони назди Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе, солҳои 2004-2005 сармутахассиси шӯъбаи омори Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомони шаҳри Душанбе, солҳои 2005-2008 мудири шуъбаи саноат ва техникаи нави Кумитаи омори шаҳри Душанбе, солҳои 2008-2009 сармуҳосиби корхонаи воҳиди давлатии савдои хӯроки умумии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2009-2015 мудири бахши шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ, солҳои 2015 -2020 дар вазифаи Муовини мудири шуъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ фаолият намудааст.

Аз моҳи январи соли 2020 то ҳол Муовини Роҳбари Дастгоҳ — мудири шӯъбаи хоҷагӣ ва хизматрасонии Дасгоҳи Маҷлси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. Оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошад.


Илова кунед