«Инашро ҳам паси сар мекунем!»

02 Май 2020, Шанбе

Аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 саросари ҷаҳонро таҳдиди нав, яъне бемории сироятии коронавируси навъи нави COVID-19 фаро гирифтааст, ки тамоми аҳолии саёраро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардонидааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ бо ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии ҳамаи кишварҳо бо он дастбагиребонанд. Аммо дида истодаем, ки дар натиҷаи муборизаи салоҳиятноки илман асоснок афзоиши ин беморӣ дар бархе кишварҳо тамоюли пастшавиро касб карда, дар бархе кишварҳо муждаи пурра баркандани решаи ин вабо аллакай расида истодааст. Чунин мужда аз «зодгоҳ»-и ин вирус шаҳри Ухани Чин ҳам расид.

Ахиран ҷумҳурии азизи мо низ пас аз истодагарии тамом ва андешидани чораҳои пурзури пешгирӣ, мутаасифона бо ин вабо рӯ ба рӯ шуд. Бояд гуфт, ки дар пасманзаре, ки тамоми кишварҳо дар гирудори паҳншавӣ бо ин беморӣ азият мекашанд, сироятшавии аҳолии мо низ амри табиӣ ба ҳисоб меравад. Чунки рафтуомади бениҳоят зиёд миёни аҳолии мову бародаркишварҳо ҷой дорад, ки бешак эҳтимолияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Коронавирус дар чунин шароит ҷой дорад.

Таҷрибаи давлатҳои алоҳида нишон медиҳад, ки бо ин вирус муборизаи илман асоснок бурдан мумкин аст ва имрӯзҳо аллакай олимони соҳаи биология ва тиб таъкид бар он доранд, ки Коронавирус ба он ҳадде, ки муаррифиаш мекунанд, кушанда нест.

Барои пешгирӣ аз ин вирус Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро карда истодааст. Умед ва боварии комил дорем, ки дар муддатҳои наздиктарин ин вабо паси сар мешавад.

Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима насозем ва ба иттилооти бардурўғ дода нашавем. Таърих гувоҳ аст, ки мушкилиҳои аз ин ҳам гаронро мардуми шарифи тоҷик бо иродаи матини хеш паси сар кардааст.

Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои муҳтарами миллат дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд. Нест кардани ин вирус низ аз сарзамини биҳиштии мо фақат чанд кори оддиро, вале ниҳоятан муҳимро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Яъне риоя кардани тавсияҳои мутахассисон – табибони синонафаси мо мебошад.

Агар мехоҳед ба ин «фариштаҳои сафедпӯш»-и ҳомии ҷону тани мо, ки  шабонарӯзӣ дар сафи аввали мубориза қарор доранд, кумак кунед, худ ва хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ доред. Душмани асосии Коронавирус ин тозагӣ аст. Тозагие, ки дар вуҷуди мо, рагу шарёни мо ва табиати мардуми тоҷик ҳаст. Ҳамзамон муваққатан даст кашидан аз чанд одате, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Боз замони самимона дастфишорӣ кардан, оғӯшгирӣ, бӯсу канори ёру наздикон, чойнӯшии якҷоя, нишастҳову чақ-чақу сўҳбатҳои гарми тоҷикона мерасад. Аммо ҳозир худдорӣ намоем.

Дар баробари ин барои баланд кардани масунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти худии тару тоза, ки саросар витамину нерӯ мебошанд, истифода барем.

Бар замми ин, бояд таъкид намоем, ки наҳс худаш танҳо намеояд. Дар шароите, ки доду гирифт миёни кишварҳо ба ҳадди минималӣ расидааст, мо бояд аз пештара бештар дар фикри таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани худамон шавем. Барои ин мавсими мусоиди кишту кори баҳорӣ, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман ба таъбири Пешвои муҳтарами миллат, ки ибораи мардумӣ шудааст «ҳар як ваҷаби замин»-ро самаранок истифода барем.

Иҷрои ин аъмол моро аз сироятёбӣ ба ҳаргуна вабо эмин медорад, дастурхони моро пурбаракат месозад ва ҳам кишвари моро дар чунин шароити буҳронӣ ба самти шукуфоӣ раҳнамун месозад.

 

Бахтовар САФАРЗОДА, 

Раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикитстон дар Маҷлиси намояндагон

Илова кунед