Парчам-рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

22 Ноябр 2021, Душанбе

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.
Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти тасдиқ шудааст.
Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих манша мегирад. Дар воқеъ, то замони ба вуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ гузошта шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд. Андозаи Парчами Тоҷикистон 1:2 аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд:
“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар парчами миллату давлатҳои олам нишонаҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд.
Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
“Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи нарасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор  аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои  таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад.
Бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Прачами бузургтарини мо ҷойгир аст “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, иқболи баланд, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд талош намоем, ки парчами давлатӣ ҳар фарди банангу номуси кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани ин марзу бумро бамаротиб зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад.
Дар охир андешаҳои хешро пиромуни ин рамзи муҳими давлатӣ бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима мебахшем: «Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад».
Рӯзи парчами давлатиро барои ҳар як фарди бо нангу номуси диёри зебоманзарамон Тоҷикистони азиз табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад.
 
Сардори Раёсати технологияҳои
иттилоотӣ, коммуникатсионӣ,
таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салимов Шарифбек.
 

Илова кунед