Мушовирони кумитаи Маҷлиси намояндагон дар кори конференсияи байналмилалӣ иштирок намуданд

23 Ноябр 2021, Сешанбе

Имрӯз мушовирони калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён ва Умриҷон Ҷураев  дар кори конференсияи минтақавӣ «Мушкилот ва имкониятҳо дар кори кумитаҳои бехатарӣ» дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуданд.
Конференсияи мазкур бо ибтикори Консорсиуми Шарикӣ барои сулҳ (PCPM) ва Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният (DCAF) барои машваратчиёни дастгоҳи парламентҳои  кишварҳои Осиёи Миёна ва Кавкази ҷанубй  таъсис дода шуда буд.
Дар назди иштирокчиёни конференсия бо сухани муқадимавӣ Анте Фриц- муовини роҳбари Маркази Женева оид ба идоракунии бахши амният дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ,  Олаф Гарлич- муовини директори иҷроияи Консорсиуми Шарикӣ барои сулҳ , Юрген Шатз - мушовири собиқи Кумитаи дифои Бундестаги Олмон  баромад намуда, роҷеъ ба таърих, муваффақият ва мушкилоти кори худ,  мушовирони дастгоҳи парлумон ба кумитаҳои худ чӣ гуна кӯмак расонида метавонанд?,  нақши мушовирони парлумон дар дастгирии кумитаҳо,  тақсимоти меҳнат, вазифаҳо, муносибат бо роҳбарият ва аъзоёни кумита, муносибат бо шӯъбаҳои парламент,  муайян намудани душворихои умумӣ дар кори дастгоҳи парламент  ва роҳҳои бартараф намудани ин мушкилиҳо мубодилаи афкор намуданд.
Мушовирони калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён ва Умриҷон Ҷураев дар назди иштирокчиёни ин ҳамоиш баромад намуда  аз номи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба созмондиҳандагони ин чорабинӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин конференсия изҳори минатдорӣ намуданд.
“ Мо аз ин конфронс бисёр маълумоти муфид гирифтем, ки минбаъд дар фаъолияти амалии худ татбиқ хоҳем кард”-таъкид намуданд мушовирони калони кумита.
Дар назди иштирокчиёни конференсия ҳамчунин Драган Лозанчич- мушовири амнияти миллии Президенти Хорватия, собиқ директори Агентии амният ва иктишофии Хорватия, ёвари собиқи вазири дифои Хорватия дар мавзӯи “Нақши кумитаҳои парлумонӣ дар дастгирии ислоҳоти бахши амнияти миллӣ” ва Мадлен Мун, собиқ узви Кумитаи дифоъи парлумони Бритониё ва собиқ президенти Ассамблеяи парлумонии НАТО  баромад намуданд.

Илова кунед