Ҳамдилии вакилони парлумон ба иқдоми Пешвои миллат

05 Май 2020, Сешанбе

Ҷомеаи ҷаҳониро хатари сироятёбии бемории COVID -19 ба ташвиш овардааст. Мутаассифона,  ин вабои аср дар кишвари мо низ ба қайд гирифта шуда, барои рафъи он давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода дар пайравӣ аз иқдоми халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар ҳошияи мубориза бар зидди бемории сироятии  COVID -19 саҳми амалии худро бо амри дил ва садоқатмандона ба иҷро мерасонанд.

Тибқи тасмими Раиси Маҷлиси намояндагон Раис, муовини аввал ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон маоши якмоҳаи худро ва вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба суратҳисоби махсуси фонди маблағгузории пешгирӣ аз бемории коронавирус гузарониданд.

Гуфта мешавад, ки Роҳбарияти Маҷлиси намояндагон аснои қабули ин тасмим таъкид намуданд, ки дар чунин лаҳзаҳои барои мардум ҳассос ва душвор вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи мардуми шарифи кишвар буда, талош менамоянд, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада бо интихобкунандагони худ ҳаммаром ва яктану якҷон бошанд.

Илова кунед