Рустами Шоҳмурод дар ҳамоиши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуд

01 Декабр 2021, Чоршанбе

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод дар ҳамоиши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавзӯи «15-солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» дар реҷаи маҷозӣ иштирок намуд.
Зимни баромади хеш Рустами Шоҳмурод иброз намуд, ки  «имрӯз аз қабули қарор дар бораи ташаккули ҷанбаи парлумонии Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ дар чаҳорчӯби Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  15 сол сипарӣ мешавад.
Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД  барои пешбурди ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки СААД ҳамчун як созмони дифоъии минтақавӣ амалӣ мекунад, ташкил шудааст».
Ин Созмон  дар фароҳам овардани шароити меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти низоми амнияти дастаҷамъӣ нақши муҳим мебозад. Санадҳои намунавии қонунгузорӣ, тавсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар баробари баланд бардоштани самаранокии раванди таҳияи қонуни намунавӣ ба таҳияи равишҳои умумӣ оид ба рушди ҳамкориҳои ҳамгироӣ, фаъолсозии самтҳои гуногуни давлатхои аъзо ва ҳамкориҳои СААД мусоидат мекунанд.
То имрӯз,-гуфт Рустами Шоҳмурод, дар сандуқи қонунгузории Ассамблея беш аз 70 қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо оид ба наздик кардани қонунгузории кишварҳои узви СААД мавҷуд аст. Барномаи нави фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025 боз 30 қонуни намунавӣ ва тавсияҳои дигарро оид ба танзими қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти рақамӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилро дар бар мегирад.
Бо итминон метавон гуфт, ки санадҳои намунавии қонунгузорӣ, тавсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии АссамблеяиБайнипорлумонии СААД дар қонунгузорӣ нақши меъёрии муттаҳидкунанда доранд, рушди танзими ҳуқуқии соҳавиро муайян мекунанд ва барои таҳияи қонунҳои минбаъда дастурҳои меъёрӣ пешниҳод мекунанд.
Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазифаҳои стратегӣ ва афзалиятҳои рушди СААД, инчунин афзоиши ташаннуҷ ва таҳаввулоти муносибатҳои байналмилалӣ ба санадҳои намунавӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллии кишварҳои узви СААД таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва прекурсорҳо, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва мубориза бо коррупсияро пурзур намудааст.
Дар маҷмуъ, бояд гуфт, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаи Ассамблеяи Байнипорлумонии СААД ҷиҳати наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви ин Созмон корҳои мунтазам анҷом дода истодааст.
Имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ӯҳдадориҳои ҷумҳурӣ оид ба ноил шудан ба мақсади таҳкими системаи амнияти дастаҷамъиро дар соҳаи масъулияти Созмон таъмин менамояд.
Ноустувории тартиботи ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи тағирёбии динамикии сохтори геополитикӣ, минтақавӣ ва байнидавлатии муносибатҳо ба вуҷуд омадааст, ба сиёсати кишварҳо, ҳаёти минтақаҳо ва дар маҷмӯъ сайёра таъсир мерасонад.
Мутобик будани кори парламент имкон медихад, ки дар мавридхои зарурй дар муносибат ба вокеахои хозираи хаёти байналхалкй бештар самаранокй ва ошкорбаёнй нишон дода шавад,- гуфт дар интиҳо Рустами Шоҳмурод.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия, раиси Кумитаи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба мудофиа ва амният Анатолий Выборный баромад намуд.

Илова кунед