Коронавирус ва эҳтимолияти зарари он ба иқтисодиёти мамлакат

06 Май 2020, Чоршанбе

Вабои нав ё ба истилоҳ коронавирус, ки чандест мавзӯи асосии воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ва тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, мардуми Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. Тибқи маълумоти расонаҳо, аз 31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хурӯҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар музофоти Хубейи шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат, хабар додааст. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад.

То 4 майи соли 2020, ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба шумораи гирифторшудагон ва фавтидагон ёдовар шудан намехоҳам, зеро яке аз сабабҳои ба тарсу воҳима афтодани сокинони тамоми сайёра ва мардуми кишвар маҳз огаҳӣ ёфтан аз шумораи зиёди сироятёфтагону фавти онҳо, инчунин ахбори носанҷидаву сатҳӣ мебошад.

Танҳо барои равшанӣ андохтан мехоҳам вобаста ба вируси навъи COVID – 19 ё вабои барангезандаи нав, нишонаҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии он каме ба хонанда маълумот пешкаш намоям.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ иброз медоранд, ин ба он хотир барангезандаи нав гуфта мешавад, ки ҳангоми пайдо шудани ин навъи вабо организми инсон бо сабаби надоштани масуният (иммунитет) ва ё паст будани он, наметавонад худро ҳимоя намояд. 

Роҳҳои гузариши беморӣ ҳавоӣ - қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз якуним метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад.

Барои роҳ надодан ё сари вақт пешгирӣ кардани беморӣ дар кишвари мо, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамешагӣ саривақтӣ буда, пайваста мушоҳида мегардад. Вобаста ба ин, бо тавсия ва роҳнамоии Пешвои миллат фавран аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ба уҳда доранд.

Ҳоло ситод фаъолияти шабонарӯзиро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, хосса Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, густарда ба роҳ монда, тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакатро бо маҳсулоти зарурӣ, таҷҳизоти техникиву доруворӣ таъмин намуда, дар ин самт корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд.

Дар асоси тавсияҳои Пешвои муаззами миллат ва нақшаи фаъолияти ситоди шаҳрӣ дар пайтахти кишвар аз ҷониби Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ, шаҳрдори Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор корҳои дезинфексионӣ, профилактикӣ, дастрас кардани маводҳои антисептикиву ниқобҳои ройгон ва аксияву ҳамоишҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони пойтахт ҳамарӯза ба роҳ монда шуда истодааст. Вобаста ба ин, бо дастуру супоришҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар, ба таври иловагӣ таъсиси як чанд беморхонаҳои табобатӣ барои гирифторони COVID-19 ба нақша гирифта шуда, сохтмонашон бо маром идома доранд, ки дар рӯзҳои наздик барои муолиҷаи беморони сироятёфта бо беш аз 3000 кати хобу шароити муоссир фароҳам буда, ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон, баъд аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маоши якмоҳаи худро пурра ба суратҳисобе, ки барои чорабиниҳои пешгирикунанда ва табобати COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Дар ин асно тамоми кормандони Дастгоҳ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, бо тавсияи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир қарор қабул намуданд, ки ба ин суратҳисоб ҳама якҷо аз музди маоши моҳонаашон саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар ин ҷода, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Пешвои миллат ҷиҳати зери назорати ҷиддӣ қарор додани фаъолияти ситод ва пайваста ѓамхорияшон нисбати миллати хеш, ҳарнафар аъзои ситод ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар, барои хизматҳои шабонарӯзӣ ва пешгириву муолиҷа намудани сокинони кишвар, ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор№34 (ноҳияҳои Фархору Панҷ) ва интихобкунандагону сокинони ин ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ сипосу миннатдорӣ менамоям. Ҳамчунин, аз ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии Фархор №34 эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии вабо муттаҳид гардида, аз тавсияҳои табибони ҳозиқ истифода бурда, қоидаҳои беҳдошти шахсиро бо масъулияти баланд риоя намоянд.
                                 
                                          Паёмадҳо ва роҳҳои бартараф кардани он

Аз рӯзҳои аввали пайдоиш ва паҳншавии хабар оид ба коронавирус COVID-2019 дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мардуми тоҷикро низ, ба тарсу воҳима гирифтор намуд. Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон ин беморӣ ё вабо расман дар аввалҳои моҳи май (чормоҳ баъд) ба қайд гирифташуда бошад ҳам, зарар ё паёмадҳоеро ба бор овард. Барои мисол, аз рӯзҳои авали паҳншавии ин хабар, яъне аввалҳои моҳи январ, сокинони кишвар ба қавле ба таҳлука афтода, барои баланд гаштани нарху навои хӯрокворӣ ва маҳсулоти аввалиндараҷа, аз қабили орд ва маҳсулоти нонӣ, картошка ва ҳатто сирпиёз дар ҷумҳурӣ, мутаассифона замина муҳайё намуданд. 

Аз ин бармеояд, ки мо каме фориғбол гашта, маҳсулоти аввалиндараҷаи нонию ғизоиро захира накардаем. Ҳолон ки, новобаста ба пайдоиши вабо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки ҳар як оила бояд барои на кам аз ду сол захираи маҳсулоти авалиндараҷаро дошта бошанд. Аммо афсӯс, мо ба умеди як ё ду узви оилаамон, ки дар муҳоҷират кор мекунанд, заминҳои дар ихтиёр доштаро самаранок истифода намебарем. Воқеан, мо шоҳиди он гардида истодаем, ки бо пайдоиши ва бо дар ҷаҳон, аз онҷумла дар Федератсияи Россия ва ба карантин фаро гирифтани тамоми аҳолииин давлати абарқудрат, тақдири муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна асту паёмадаш ба оилаҳои онҳо чӣ гуна расида истодааст.

Ҳоло мо дар арафаи ҷамъоварии ҳосили аввалия ва кишту кори баҳорӣ қарор дорем, пас бояд ин таҳлука ва воҳимаро як тараф монда, ба ҷамъоварии ҳосили аввалия ва киштукори такрорӣ камари ҳиммат бандем. Новобаста ба номусоид омадани боду ҳаво бояд рӯҳафтода нашуда, корро дар самти зиёд кардани кишту кори такрорӣ ба роҳ монем ва дар рушди яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем. Дар сурати самаранок истифода набурдани заминҳои дар ихтиёр дошта ва захира накардани ғалладонаву маҳсулоти ғизоӣ ба оқибатҳои нохуш метавон рӯ ба рӯ шуд.

Агар вабо бо ҳамин суръат дар ҷаҳон идома ёбад, ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таъсири манфӣ ва зарари калон  мерасонад. Аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки оқибатҳои ногуворро ба бор овардани ин вирус аз эҳтимол дурр нест.

Албатта, вақте, ки корхонаҳо, заводу фабрикаҳо ва дигар муассисаву идораҳои давлатуву хусусӣ аз кор бозмонданд, буҷаи давлат иҷро нагардида, рушди иқтисодиёти мамлакат таъмин намегардад. Дар ин ҳолат, ягона роҳе, ки метавонад моро аз гирифтор нагардидан ба мушкилоти норасоии озуқаворӣ дар зимистони пешистода раҳонад, бозҳам рӯ овардан ба соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини бекорхобидаи наздиҳавлӣ, заминҳои ёрирасон, заминҳои президентӣ, саҳмияҳое, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд, мебошад.

Бо ин мақсад, дар маҷлиси фавриву ғайри навбатии Ҳукумати кишвар Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолонро вазифадор намуданд, ки хоҷагиҳои ҷамъятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо ва полезиҳо, гирифтани се – чор ҳосил, баланд бардоштани самаранокӣ бо ташкили гармхонаҳо, ҳатто дар заминҳои наздиҳавлигӣ, корбарӣ намоянд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус майдони кишти картошкаро 40% ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва макаи донро то 60% зиёд намоянд.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки ҳоло қудрат ва тавоноии Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизои аввалия пурра мерасад ва ҷиҳати таъмини доимии аҳолии кишвар ба ин навъи маҳсулот ва назорати нархи наво дар бозорҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ пайваста андешида мешаванд.

Агар ҳоло мо каме фориғболӣ кунем, вақти кишту кори баҳорӣ мегузарад. Новобаста дар ин вазъияти ногувор ва дар айни авҷи ин вабои аср қарор доштанамон бояд фаромӯш накунем, ки зиндагӣ боз идома дорад ва мо бояд ба тарсу воҳима дода нашуда, аз тавсияҳои табибон, яъне пӯшонидани даҳону бинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар масофаи на кам аз яку ним метр қарор доштан ва қоидаҳои беҳдошти шахсиро риоя карда, ин лаҳзаҳои нотакрори баҳориро самаранок ва дар вақташ истифода барем. Чунки роҳи ҳалли мушкилоти номбурда ва паёмади онро ман маҳз дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мебинам.

 

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор№34

Илова кунед