Соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгири меёбад

13 Декабр 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур иброз дошт, ки санади мазкур дар таҳрири нав бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ. таҳия гардидааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти такмили мунтазами муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мутобиқ гардондани пешбурди он ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар иборат мебошад.
Лоиҳаи Қонуназ 6 бобва 22 модда иборатмебошад.
Дар боби 1 (моддаҳои 1-3) мафҳумҳо, дастгирӣ ва присипҳои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 2 (моддаҳои 4-6) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои  мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, боби 3 (7-13) чораҳои танзими давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 4 (моддаҳои 14-16) самтҳои афзалиятноки дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 5 (моддаҳои 17- 19) тартиби муроҷиат, баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи кумаки молиявӣ вабоби 6 (моддаҳои 20-22) муқаррароти хотимавӣ ифода ёфтаанд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ба Кумитаи Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаддима, моддаҳои 1, 3, 9, 12 ва 14  такмил додашуда, моддаҳои 17, 18 ва 20 хориҷ ва моддаи 5 (ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат  ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ оид ба дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ) дар таҳрири нав ифода карда карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 12, 13 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40 – 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Илова кунед