Муҳокимаи парлумонӣ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор мегардад

20 Декабр 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»  мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи мазкур  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода баромад намуда, иброз намуд, ки  зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони муосир ба ҳисоб меравад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ сохтани сиёсати босамари давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар мамлакат иродаи қавии сиёсӣ нишон дода истодааст. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани зуроварӣ дар оила дар сатҳи қонунгузории миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида,вобаста ба он якқатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки яке аз санадҳои танзимкунандаи ин соҳа Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон«Дарбораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19 марти соли 2013 қабул гардида муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим ва вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
“Мақсади асосии Қонуни мазкур”- гуфт Сумангул Тағойзода ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила, ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.

Илова кунед