Навмед набояд шудан аз гардиши айём…

06 Май 2020, Чоршанбе

Ин миллати барӯманд дар гузашта тавонист бо кӯмаки фарзандони хирадманду донои хеш мушкилиҳои зиёдеро, ки ба сари  мардум ва сарзамин меомаданд, бо оқиливу якдигарфаҳмӣ пушти сар намояд. Имрӯз ҳам дар қатори мардуми олам, кишвари азизамон як вабои дигареро дучор омадааст, ки дар сурати деви сиёҳ ба хонадони тоҷику тоҷикистониён сар зада, мехоҳад азизи дилеро аз ин манзил ба коми бало бикашад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта низ бемориҳои вабо, домана, табларза, хурӯсак, гул баровардан ва ғайраҳо дар сарзамини аҷдодиамон доман паҳн намуда, як муддат тавонистанд дар ин майдон худнамоӣ бикунад. Ба шарофати иродаи мустаҳками мардуми азизамон ва якдигарфаҳмии хешу табор, ҳамсояҳо, дӯстон, ки ҳар кадом зуд пушти дари бемор латтаи сурх баста, рафтуомадро дар ин хонадон манъ мекарданд ва ҳамзамон аз ҳоли онҳо як нафар аз ҳисоби пиронсолон ё ҷавоне, ки тарзу усули муносибат ва рафтуоро дар ин ҳолат хуб медонист, ба хонаи бемор пайғом мебурд, бо хӯрок таъмин мекарду аз ҳолашон дар доираи талаботи тиббӣ бохабар мегашт ва рафтуомадро ба роҳ мемонд. Ба хотири сироят наёфтани наздикони бемор, пиронсолон рафтуомадро ба ин хонадон ё назди бемор ғатъ намуда, ба ғайр аз шахси мутассадӣ ба дигарон рафтуомад, ҳатто аёдати беморро иҷозат намедоданд ва  мегуфтанд, ки омаду рафт, вохӯриву суҳбат бо бемор пай меафтад, яъне дард дар бадани бемор бо сабаби омаду рафт дер мепояд, пай мемонад, аз бадан рафтан наметавонад.

Аз ин рӯ, дар гузашта ҳам мисли имрӯз ана ҳамон «пай меафтад»-ро мисли «каратин»-и имрӯза истифода мебурданд. Ба хотири сироят наёфтани наздикон ва хешу табор як вағти муайян рафтуомад, аёдати бемор ва суҳбати рӯбарӯ бо бемор манъ карда мешуд, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Имрӯз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош бар он дорад, ки аз ин вабои ба сари оламиён омадаи аср мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳифз намуда, хоҳиши як вағти муайян рафтуомад ва ҳамнишиниро бо хешутабор ва наздикон ба хотири нигоҳ доштани саломатии онҳо ғатъ намоем. Ин даъвати оғилона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона пазируфта, аз пайи ҳифз намудани саломатии худу наздиконамон бошем.

Ҳарчанд баъди талошҳои зиёд, истодагариҳои шадид кишвари азизу офтобии мо низ мисли дигар кишварҳои рӯи олам ба ин дард печида бошад ҳам, дар дил ҳаросро ҷой додан, ваҳму ноумедӣ кашидан зарурат надорад. Мову шумо вазифадорем дастаҷамъона риояи ғоидаҳои беҳдошти шахсиву гигиениро, ки аз мо талаб карда мешавад, ба ҷо оварда, ҳангоми суҳбат кардан фосилаи байни ҳамсуҳбатамонро нигоҳ дошта, дар доираи талабот дуруст шустани дастон ва пӯшидани ниғобҳои заруриро иҷро намоем, то аз ин бало эмин монем. Ман умедворам, ки миллати барӯманду фарҳангии тоҷик аз уҳдаи ин талабот ба хубӣ баромада метавонад, зеро пӯшидани ниғоб бори аввал аз ҷониби Абуалӣ Ибни Сино - олим, шоир, мутафаккир ва табиби оламшумули тоҷик ҳанӯз дар замони худ, зиёда аз 1000 сол ғабл , пешниҳод гардида буд, яъне ин миллат ҳазор сол ғабл низ пеш аз ба назди бемор даромадан ё бо ӯ суҳбат кардан ба хотири сироят наёфтан аз ин бемор, ҳатман ниғоб ба рӯ мекашид. Шустани дасту рӯ, чашму абру ва гӯшу бинӣ бошад, фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки дар як рӯз то панҷ маротиба ин талаботро ба ҷо меоранд.

Дар ҳолати бемор шудан ҳам ноумед набояд шуд, зеро табиати мардуми тоҷик ғавӣ буда, он аз ғизоҳои зарурӣ барои узви инсонӣ хеле бой асту метавонад бемориро сабуктар гузаронад.

Ҳоло фасли зебои баҳорро мо дар кишвар пушти сар карда истодаем ва аз табиати биҳишосои он нафаси рӯҳбахш мегирем. Ҳамзамон,  аз растаниҳои шифобахши табиати афсункорамон, ки танҳо дар ин фасл мерӯянд, аз ҷумлаи торон, рошак, ров, чукрӣ, ҷамбилак, ҳолмун ва ғайра барои тоза шудани руҳу ҷонамон, ки он ба саломатии инсон хеле муҳим арзёбӣ шудааст, оғилона  истифода намоем, зеро дар гузашта ҳам ниёгони хирадманди мо ин фаслро фасли зиндашавии табиат ва рӯҳу ҷон меномиданд. Дар ин фасл танҳо аз растаниҳои шифобахш хӯрокҳои лазиз  мепухтанду ба тану ҷони худ ҷавонӣ, тароват ва неруи нав зам мекарданд. Бояд ғайд намоям, ки хӯрдани меваҷот, кабудиҳои ватанӣ, растаниҳои шифобахши диёр бар тану ҷони мо нерӯи тоза бахшида, бар зидди ин беморӣ беҳтарин даво аст.

Аз ин хотир, ҳамаи мо, ҳамватанони азизу гиромӣ, аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ хуб истифода бурда, онро самаранок ва оғилона кор фармуда, худ ва аҳли хонаводаамонро аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки дорои ғуввату тавоноии табиӣ мебошанд, таъмин намуда, тансиҳату солим ва беғаму хотирҷамъ тавонем ин балои ба сар омадаро дар ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ мағлуб сохта, ба нестиҳои бебозгашт гуселонем.

Барои ин мову шуморо зарур аст, ки аз чор фасли зебову нерубахши табиати кишвари азизамон самаранок истифода бурда, дастурхони худро аз меваҷоти биҳиштии кишварамон оро дода, нагузорем, ки рӯи хони мо аз меваҷот, сабзавот, хӯрокаву, шириниҳо, тухму гушту дигар маҳсулоти парвардаҳои сохтаи дигарон оро дода шаванд.

Зеро ин миллатро танҳо маҳсулоти бою рангини сарзамини хеш неруву тавоноӣ ва тансиҳатӣ бахшида метавонаду халос.

 

Шарофзода Гавҳар -

вакили МНМОҶТ,

аъзои фраксияи ҲХДТ

Илова кунед