Пешгирӣ беҳ аз табобат аст

06 Май 2020, Чоршанбе

Мутаассифона, бемории коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Айни замон ин вабои асри XXI тамоми манотиқи ҷаҳонро фаро гирифта, ки на абарқудратонро мешиносаду на сарватмандон ва на бечорагонро. Дар назди ӯ шоҳу гадо баробар аст, бинобарин, мову шумо худро аз ин вируси тоҷдор бо номи COVID-19 меравад, эҳтиёт намоем, саволе ба миён меояд, ки бо кадом роҳу воситаҳо, мо худ ва атрофиёнро аз ин вабо эмин нигоҳ дорем?

Мавриди зикр аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунанда оид ба пешгирии короновирус таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар шомиланд.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат ва мутахассисони соҳаи мазкур вазифа гузоштааст, ки ба паҳншавии ин короновирус дар мамлакат роҳ надиҳанд. Хушбахтона, ҳамаи чораҳои лозима барои бехатар намудани шаҳрвандони ба кишвар воридшаванда, андешида шудааст. Боварӣ дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар давлатҳо дар ҳолати ба миён омадани ҳамагуна хатарҳои короновирус дар кишвар корҳои заруриро ба анҷом расонида, нисбати ҳифзи вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва баромадан аз мушкилот тадбирҳои лозима меандешад.

Мардуми Тоҷикистон шукри Худо давлат дорад ва он ҳамарӯза дар фикри шаҳрвандонаш аст. Аммо, набояд фаромӯш кард, ки ҳар шаҳрванд дар чунин вазъият тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоед. Риояи тавсияҳои мазкур ба хотири пешгирӣ аз бемории пандемияи короновирус буда, барои саломатӣ ва солимии ҳар шаҳрванд аҳамияти муҳим дорад. Зеро, бо риоя ва пешгирии ин беморӣ, худ ва наздиконро аз ин вабоӣ аср ҳимоят кунед. Аз ҳама кӯмаки беҳтарин ба дигарон ин дур кардани хеш аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ва аз муҳити оила бидуни зарурат берун нашудан аст.

Дар ибтидо бояд мову шумо бидонем худи ин вирус, ки бо номи тоҷдор ё COVID-19 маъруф шудааст, чӣ аст ва чӣ хатаре ба бор меорад? Аз хеле ки аз шарҳу тавсияҳои мутахассисон ва олимон омадааст, вирус ин организм ё ҷисми зинда набуда, молекулаҳои сафеда мебошад, ки бо пардаи муҳофизии липид (чарб) пӯшонида шудааст ва ҳангоми фурӯбарӣ ё сироят ба тавассути ҳуҷайраҳои чашм, бинӣ, даҳон шакли генетикии худро дигар намуда, ба ҳуҷайраҳои ба истилоҳ зараррасон табдил меёбад ва ба узвҳои нафаскашӣ ва хоса шуш осеби ҷиддӣ расонида, боиси марг шуда метавонад.

Бинобарин, бо назардошти он ки вирус ҷисми зинда нест, он намемирад, балки вайрон мешавад ва он вобаста ба ҳарорат, намнокӣ ва маводе, ки вирус дар он мавқеъ пайдо мекунад ва ё ҷойгир мешавад, вобаста аст. Азбаски молекулаи вирус хеле ковок буда, ягона чизе, ки онро ҳифз менамояд, қабати тунуки чарб аст, ҳамагуна собун ва маводи шӯянда, антисептикӣ, моеи хлордор, моеи спиртии аз 65 дараҷа боло воситаи зиддивирусӣ ба шумор мераванд ва онро вайрон ва безарар мегардонанд. Аз ин хотир, танҳо зуд-зуд шустани даст бо собун, бахусус пас аз қазои ҳоҷат ва дар муддати на камтар аз 20 сония кофӣ аст онро безарар гардонад. Яъне риояи қоидаҳои маъмулии гигиенаи шахсӣ воситаи хуби пешгирии сироят ба ин вирус аст. Роҳи дигар бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо маҳлули антисептикӣ шустани даст, дар коргоҳҳо ва муассисаҳо бо маҳлули хлор зуд-зуд коркард намудани докаи дар дастаи дарҳо баста ва ҷойҳои корӣ мебошад. Кӯшиш намоед, ки бо дасти ношуста ба чашму даҳон ва биниатон нарасед, аз салом кардан бо даст, оғӯшу каноркаши бо шиносҳо бипарҳезед - тавсия медиҳанд табибон.

Табибон, ҳамчунин, истеъмоли ғизои солим, меваю сабза-вотро барои баланд бардоштани масунияти ҷисм, истифодаи бештари занҷабил, сирпиёз ва дуди ҳазориспандро чун мавод-ҳои табиии антисептикӣ тавсия медиҳанд.

Бо ин мақсад ҳанӯз 16 марти соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Комиссияи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд, ки Раисии ин Комиссия ба уҳдаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, котибии он ба зиммаи сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемеологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода вогузор гардид. Раисони ноҳияҳои пой-тахт ва роҳбарони сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии шаҳри Душанбе аъзои Комиссияи мазкур мебошанд.

Раиси шаҳри Душанбе Комиссияи мазкурро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамчунин, дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт новобаста аз шакли моликият корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ (дезинфек-сия) ба роҳ монда шудаанд, ки боиси паст шудани сатҳи афзоиши ин вирус мебошанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳангоми вохӯри бо сохторҳои марбута таъкид намуд, ки дар пойтахт баҳри тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку маҳаллаҳо, даромадгоҳҳо ва атрофи биноҳои маъмурию истиқоматӣ корҳои иттилоотӣ безараргардонӣ (дезинфексия) бурда шаванд ва онҳо бояд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе қарор гиранд.

Муҳимтар аз ҳамаи ин, шаҳрвандони азиз ба воҳима наафтед, ба ҳар гуна хабарҳои воҳимаангез таваҷҷуҳ накунед, кӯшиш намоед, ки масунияти ҷисматонро бо истеъмоли ғизоҳои солим боло баред, риояи гигиенаи шахсиро барои худ, фарзандон, наздикон ҳатмӣ донед ва риоя кунед бовари дорем, ки ҳамдиёрони гиромӣ аз сирояти ин беморӣ дар амон хоҳед монд.

Вирусшиносон тавсия медиҳанд, ки одамон бештар дар ҳавои кушод гаштугузор намоянд ва бо мақсади баланд бардоштани қобилияти организм ё масунияти бадан бештар меваю сабзавот ва хӯрокҳои серғизо истеъмол кунанд, ки ба чунин сироятҳо гирифтор нашаванд. Зеро хуб гуфтаанд, ки табиби инсон, пеш аз ҳама, худи ӯст ё пешгирӣ беҳ аз табобат аст.

муроҷиатнома

ба интихобкунандагон

Муҳимтар аз ҳамаи ин, шаҳрвандони азиз ба воҳима наафтед, ба ҳар гуна хабарҳои воҳимаангез таваҷҷуҳ накунед, кӯшиш намоед, ки масунияти ҷисматонро бо истеъмоли ғизоҳои солим боло баред, риояи гигиенаи шахсиро барои худ, фарзандон, наздикон ҳатмӣ донед ва риоя кунед бовари дорем, ки ҳамдиёрони гиромӣ аз сирояти ин бемории коронавирус COVID-19 дар дар амон хоҳед монд.

Меликова Парвина

Вакил аз ҳавзаи интихоботии

Исмоили Сомонӣ №2 

Илова кунед