Ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад.

07 Май 2020, Панҷшанбе

Имрӯзҳо ҷаҳони муосирро бемории  сироятии  коронавирус -СОVID 2019 азият медиҳад, ки ба сатҳи иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои ҷаҳон хисороти зиёдеро ба бор овардаст. Аз ҷумла, қатъ гардидани истеҳсолоти бархе аз корхонаҳои азиму пуриқтидор, қисман фаъолият намудани хатсайрҳои ҳавоии кишварҳо, қатъ гардидани мубодилаи молу коло, баста шудани сарҳадоти байнидавлатӣ, вобаста ба ҳолат зиёд ба чашм расидани сатҳи бекорӣ ва амсоли инҳост, ки аз таъсири ин вабои аср маншаъ мегирад. Новобаста аз ин мо бояд ба таҳлука наафтода бошем ва эҳтиёткориро пеша намоем. Ин рӯзҳоро аҷдодони мо дар давраҳои зиндагии шоир, файласуф, табиб Аӯалӣ Ибни Сино паси сар кардаанд, мо низ пушти сар мекунем.

Он тавсияҳое, ки нисбати тозагии гигиенӣ дар  ҷаҳони  муосир дода истодаанд, табиби барҷастаи аҷдоди мо дар даврони худ гуфта буд. Аз ҷумла дар як рӯз чанд маротиба шустани дасту рӯй бо хушбуйкунанда, худдорӣ кардан ва ба масҷидҳо нарафтани одамон, дар масофа истода сухан гуфтан, гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ нашудани одамон, зарурати дар хона нишастан ҷангоми беморӣ ва ѓайраҳо. Аммо дар он давра ҳам буданд нотавонбинон, ки табиби барҷастаро куфр хонда, мардумро аз роҳ  мебароварданд ва модоми авҷ гирифтани беморӣ, худ оҷиз монда, ноилоҷ ба Абӯалӣ Ибни Сино муроҷиат менамуданд. Ин гувоҳи он аст, ки мардуми сарбаланди мо аз ин имтиҳони ҳаёт низ дар мӯҳлатҳои наздиктарин мегузаранд.

Барои пешгирӣ аз вирус, имрӯзҳо Ҳукумати кишвар чораҳои муҳиму таъхирнопазир дида истодааст. Дар баробари ин пешгирию рафъи ин вабо аз мардуми шарафманди кишвар низ вобастагии амиқ дорад, чуноне, ки дар боло қайд карда будем, риоя намудани волоияти талаботи санитарию гигиенӣ роҳи пешгирӣ аз ин беморист. Табибони соҳҳа бар он ақидаанд, ки ин вирус бар он хотир барангезандаи нав гуфта мешавад, ки ҳангоми пайдо шудани ин навъи беморӣ, бадани инсон барои мубориза бо ин навъ бемории сироятӣ омодагӣ надошт. Вобаста ба тайёр намудани ваксина бар зиддӣ ин намуди беморӣ низ вақти муайяне талаб мекунад, то ин ки бадани инсон низ ба ин намуди беморӣ мутобиқат дошта бошад.

Дар баробари ин барои пешгирии саривақтӣ аз чунин бемории сироятӣ худ ва хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ доштан лозим аст.  Вобаста бар ин, барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) аз маслиҳатҳои табибони оилавӣ зиёдтар истифода бурдан зарур аст. Таҷрибаи давлатҳое, ки ин бемориро ба таври густурда таҷриба наамудаанд, нишон медиҳад, ки бо ин намуд беморӣ ѓолиб омадан мумкин аст, ин ҳам бошад бо нигоҳ доштани талаботе, ки аз ҷонибӣ табибон тавсия шудааст.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баромадҳои худ борҳо қайд намуданд, ки ҳарчи зиёдтар ба кишту кори баҳорӣ диқати ҳамаҷониба диҳем. Дар баробари ин самаранок истифода бурдани ҳар порча замини назди ҳавлигӣ барои аҳолии мамлакатро қобили қабул донистанд, ки аҳолӣ низ ин дастуроти Пешвои муаззами миллатро бо ҷон қабул намуда, ҳар ваҷаб замини назди ҳавлигиашонро самаранок истифода бурда истодаанд. Чуноне, ки дар боло қайд намуда будем, мардуми шарафманди тоҷик ҳама мушкилиҳои басаромадаро паси сар намудааст, ин бемории сироятиро низ ба хуби паси сар менамояд. Чӣ тавре дар урфият мегӯянд: «Ҳар чӣ ояд ба сари фарзандӣ одам бигзарад».

 

Ашуров Гиёсиддин,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

 

Илова кунед