Маҳмадалӣ Ватанзода "Раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд"
02 Март 2022, Чоршанбе Ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба он муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода шомил аст, дар асоси натиҷаҳои мушоҳида дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Беларус, хулосаи ниҳоии худро қабул кард.
"Раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд" - иттилоъ дод муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода.


Мавсуф таъкид кард, ки ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ аз ИДМ, дар Ҷумҳурии Беларус тамоми шароит барои изҳори озодии иродаи шаҳрвандон фароҳам оварда шудааст ва “нозирони ИДМ қонуншиканиҳои ҷиддиеро, ки ба натиҷаи баррасиҳо таъсир мерасонанд ошкор накардаанд». Овоздиҳӣ ором ва муташаккилона гузашт.


Ёдовар мешавем, ки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии ҳамоҳангсоз – узви Шӯрои ҳамоҳангсозони миссияи нозирони ИДМ дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Беларус, муовини аввали Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Руссия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ Николай Бурляев ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндаи комилҳуқуқӣ Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода рӯзи 27 феврал дар участкаҳои интихоботии шаҳри Минск ва Вилояти Минск аз кушода шудани участкахои интихоботӣ то анҷоми шумориши овозҳо иштирок намуданд.