Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон

11 Март 2022, Ҷумъа

11.03.2022.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
   Дар ҷаласа   лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гунна шаклҳои табъиз», лоиҳаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба нақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима шуда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед