Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт

28 Март 2022, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро  Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018, 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо дарназардошти он, ки солҳои охир шумораи шаҳрвандониТоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтаанд ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расонида шуд, ки тибқи он бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шудаанд:
“ 3. Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати  10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд”.
Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 10, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.

Илова кунед