Аз ҷаласаҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон

15 Май 2020, Ҷумъа

«-Лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда  шудааст» иброз намуд раиси КумитаиМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси намондагон, ки бо иштироки вакилони мардумӣ  имрӯз баргузор гардид.  

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баҳодиҳӣ воситаи муҳими ба танзим даровардани муносибатҳои иқтисодӣ  ба шумор рафта, барои амалисозии  муносибатҳои молӣ ва ғайримолӣ нақши муҳим дорад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба шароити муосир ва амалкунандаи иқтисодӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани стандартҳои баҳодиҳӣ, муайян намудани ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, танзими фаъолияти баҳодиҳии ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳангоми ба гарав гузоштани молу мулк ва танзими самараноки фаъолият дар ин самт лоиҳаи Қонуни мазкур таҳия карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» аз 6 боб ва 31 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ бо мақсади муқаррар намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро новобаста аз шакли моликияташон муайян мекунад.

Дар ҷаласаи кумита ҳамчунин Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


 ХХХ              ХХХ               ХХХ


Ҳамчунин худи ҳамин рӯз бо иштироки Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмуроди Рустам ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа ду масъала  “Дар бораи тасдиқи протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007”  ва “Дар бораи қарори  Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД аз 29. 04.2020 “Дар бораи муроҷиати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ ба парлумонҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Аврупо ба муносибати 75-солагии Ғалаба бар миллатгароӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон” мавриди баррасии вакилони аъзои кумита қарор гирифт.

Зимни муҳокимаарониҳои хеш вакилони мардумӣ иброз намуданд, ки Протоколи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардидани он асоси ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Кумита таклиф намуд, ки маводҳо барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шаванд.


Илова кунед