Пешгирии ҳуқуқваӣронкунии ноболиғон пурзур мегардад

09 Декабр 2019, Душанбе

Имруз таҳти раӣёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Мачлиси намояндагон баргузор гардид.

Дар ҷаласа   лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Санади мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода муарифи намуда, изҳор дошт, ки  ҳуҷҷати мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 апрели соли 2014 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи ҷавонону наврасон баён гардиданд, таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи мазкур дар гурӯҳи кори байни идоравӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби намояндагони Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолй, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои иаҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» такмил дода шудааст.

Лоиҳа аз муқаддима, 4 боб ва 29 модда иборат буда, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркманистон ва Ўзбекистон коркард карда шудааст.

Мақсад аз қабули Қонуни мазкур муқаррар ва муайян намудани салоҳияти мақомот ва идораҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар таъмини огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятии ноболиғон мебошад.

Дар Шӯро ҳамчунин   лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» таъкид карда шуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади амали намудани дастуру вазифаҳои  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон вобаста ба такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифатҳо байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо баён гардида, ҳамчунин баҳри иҷроиши супориши Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Зуҳуров Ш. аз 2 октябри соли 2018 дар бораи таҳия намудани лоиҳаи Қонун дар таҳрири нав пешниҳод шуда, ҳадаф аз он ҳифзи сиҳатии аҳоли, ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат ва танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қонуни амалкунанда  соли 1997 қабул гардида, ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, вале, то ҳол номувофиқатии меёрҳои Қонуни мазкур ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд. Барои бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо, сохтор ва баъзе моддаҳои Қонун ниёз ба такмил доранд.

Таҷрибаи амалӣ намудани Қонуни амалкунанда, таҳлили вазъ ва равандҳо дар соҳа, талаботи муосир дар ин ҷода заруриятро ба миён оварданд, ки дар лоиҳа якчанд меъёрҳои нав пешбинӣ карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, дар лоиҳа якчанд моддаҳои нав ба мисли моддаҳои 1, 6, 7, 9, 10, 11, 14, 17 пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи онҳо мафҳумҳои дар Қонун истифодашуда, навъҳои машрубот, тамғагузории онҳо дар моддаҳои алоҳида аниқ инъикос гардида, меъёрҳо вобаста ба тартиб ва шартҳои нигоҳ доштан ва фурўши спирти этилӣ, тарғибу ташвиқи зарари истеъмоли машрубот мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокима шуда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед