15-март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва 1-июн Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар муайян карда шуд

11 Май 2022, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва вакили мардумӣ Назирӣ Гулбаҳор зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Россия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ иброз намуданд, ки мутобиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Федератсияи Россия кумаки бебозгашти молиявӣ барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар қисмати сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон пешниҳод карда мешавад.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар ва вакили Маҷлиси намояндагон Зиёӣ Баҳриддин  таъкид намуданд, ки  лоиҳаи Қонуни зикргардида бо мақсади такмил додан, бартараф намудани такроршавӣ, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ ва таъмини мутобиқсозии фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбии тахассусии нотариусони давлатӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», кодексҳои гражданӣ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Маҷидзода Сарвиноз зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таъкид намуд, ки санади мазкур мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия шудааст.
Бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба моддаи 2 Қонуни амалкунанда ворид намудани илова пешбинӣ шуда, тибқи он 15-март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва 1-июн, яъне рӯзи таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти  назорати маводи нашъаовар, ба ҳайси ид муайян карда шудааст.
Масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»-ро вакили мардумӣ Қосимӣ Файзулло ва муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо муаррифӣ намуда, изҳор намуданд, ки мақсади таҳияи лоиҳа аз байн бурдани ихтилофотҳои ҷойдошта дар Қонуни зикргардида, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои ҳуқуқӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум санаи 17 марти соли 2020 баёнгардида, пешниҳод мегардад.

Илова кунед