Тарбия ва маърифати экологӣ

11 Май 2022, Чоршанбе

Инсон муъҷизаи олитарини табиат маҳсуб ёфта, ҳаёти ӯ бо табиат тавъам аст. Дар аввалҳо муносибати инсон бо табиат хусусияти истеъмолӣ дошт, алҳол давраи гузариш ба фарҳанги экологӣ фаро расидааст. Ҳифзи табиат ҳаёти ояндаи насли муосир ва кулли организмҳои зиндаи сайёраро тақозо менамояд. Бинобар ин, давраҳои охири асри ХХ ва оғози асри ХХI давраи хеле муҳиму мураккаби ташаккули муносибати ғамхорона ба табиатро дар бар мегирад ва фарҳанги экологии фарди алоҳида ва ҷомеа дар умум муҳимияти хосаро касб менамояд.
Имрӯзҳо дар тамоми дунё ба ҳифзи муҳити зист, махсусан баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии одамон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз онҳо Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025 мебошад.
Ҳадафи барнома ин ташаккули ҷаҳонбинии нав аз тарзи ҳаёти нави ҷомеа, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки дар баланд бардоштани маърифти экологии ҷавонон дар мактабҳои миёна ва олӣ омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, география, биология, химия, физика, тиб, нуҷум ва мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода аҳамияти хело калон дорад.
Бесабаб набуд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон  карда шавад.
Бояд омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ба хонандагон мавзуъро тавре фаҳмонанд, ки ҳисси табиатдӯстии онҳо такмил ёбад ва ҳар як хонанда дарк намояд, ки ҳалли масъалаҳои экологӣ бе муҳофизати табиат ва эҳтиёткорона истифода бурдани сарватҳои он номумкин аст.
Тарбияи экологӣ якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, аз синни томактабӣ шуруъ шуда, дар мактабу берун аз он давом кунад.
Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зистро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, сарватҳои онро афзун гардонад. Худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад ва муҳити зисти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллатро дар назар дорад.
Бо мақсади  мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат  аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, ҷиҳати  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар  мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» - ро эълон намудааст. Имрӯзҳо олимону мутахасисон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштироки фаъолона доранд.
Қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маърифати экологии аҳолӣ  принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатиро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад.
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ин кафолати давлатии таъмини омӯзиши ҳадди ақали донишҳои зарурии экологӣ барои шаҳрвандро дарбар мегирад.
Мақсади Қонуни мазкур  фаро гирифтани шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа  бо донишҳои умумии экологӣ ва  мусоидат намудан ба ташаккули тарбия  ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи  инсон ва, ташаккули шахси ҳаматарафа инкишофёфтаро ташкил медиҳад.
Вазифаҳои Қонуни мазкур таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ривоҷу равнақи донишҳои экологӣро дарбар мегирад.
Оид ба маърифати экологӣ, фарҳанги экологӣ, дониши экологӣ чиро бояд донист? 
 - маърифати экологӣ - раванди таълим, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар кардан, дар руҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;
- фарҳанги экологӣ -­ қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дарбар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тули ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва  ҳар фарди алоҳида,  мусоидат менамояд;
- дониши экологӣ - бахши маърифати ҷамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;
   Имрӯзҳо пойтахти азизамон бо роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳама ҷо сабзу хурраму гулпӯш аст ва ҳар яки мо сокинони пойтахт вазифадорем, ки ба қадри ин зебогиҳо ва заҳматҳо расем. Ташкили доимии шанбегиҳо, шинондани дарахтон ва гулҳои рангоранг ин шаҳодат аз ривоҷ ёфтани маърифати экологӣ дар шуури мардум дарак медиҳад.Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бунёди боғу гулгаштҳо дар пойтахти ватанамон ва тамоми шаҳру навоҳии кишварамон вусъати тоза гирифта, ба макони омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати экологӣ табдил ёфтаанд.
Маърифати экологии аҳолӣ зинаҳои гуногунро дарбар мегирад. Он аз тарбияи экологии томактабӣ оғоз гардида, табақаҳои васеи аҳолӣро дарбар мегирад. Барои  тарбияи экологӣ аз зиннаи аввал дар муасисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Аллакай кӯдак ба шинонидани дарахт, нигоҳубину парвариши гулу буттаҳои хонагӣ шавқ пайдо менамояд. Кӯдаке, ки бо дастони худ гуле парвариш кардааст, ҳеҷ гоҳ гули кӯчаву хиёбонҳоро намеканад ва баръакс, дар нашъунамо ва гулпӯш намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ талош менамояд. Исбот шудааст, ки тарбияи экологии кӯдак аз давраи аввали инкишоф боиси рушди зебоипарастӣ ва қадрдонии заҳмати дигар фард мешавад. Яъне, метавон қайд намуд, ки тарбияи экологӣ ҷузъи муҳими ташаккули кӯдак дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи зебоӣ ё худ фарҳанги инфиродии кӯдак мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки ташаккули фарҳанги экологӣ дар натиҷаи тарбияи экологӣ раванди мураккаби муттасил буда, ба омилҳои сершумори маънавӣ руҳӣ ва физиологӣ такя менамояд. Масалан, гузоштани хиштҳои аввали таҳкурсии тарбияи экологӣ дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабӣ пойдевори дониши экологӣ дар синфҳои ибтидоӣ мешавад.
Соҳибсухане фармудааст.
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад, девор каҷ.
Воқеан, тарбия аз зинаи аввал, яъне  кӯдакӣ оғоз меёбад ва то охири умр  идома меёбад.  Тавре, ки Муҳаммад Ғазолӣ  фармудааст: “Одамият  то даврае, ки ҳаст ба тарбия ниёз дорад”.
 
 
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Ғайрат Азиззода.

Илова кунед