Маҳмадтоир Зокирзода бо Соҳиба Гаффорова мулоқот намуд

17 Май 2022, Сешанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Милли Маҷлиси  Ҷумҳурии Озарбоӣҷон Соҳиба Гаффорова мулоқот намуд.
 «-Мехоҳам бори дигар ба Шумо барои даъват ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри зебои Боку миннатдории беандоза баён намоям»-гуфт дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Ман аз вохӯрии имрӯзаамон шодам ва итминон дорам, ки мулоқоти мо ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳоямон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем.
Дар давраи истиқлолият, дар тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ (29 майи соли 1992) ба давлатҳои мо муяссар гардид, ки низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷониба дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқро бунёд намоем.
Ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкориҳои мутақобила заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст.
Мехоҳам аҳамияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро, дар моҳи августи соли 2018, ки зимни он оид ба идомаи фаъолият ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба тавофуқ ҳосил шуда буд, таъкид намоям.
Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти мо ба кишвари Шумо ба имзо расидаанд, тамоми самтҳои асосии ҳамкорӣ, табодули афкори созанда ва манфиатдор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии байни давлатҳои моро фаро мегиранд.
Дар ҷараёни ин сафар 12 санади нав ба имзо расид, ки барои гузаштан ба шарикии бисёрҷанбаи ду кишвар ба сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат карданд.
Ҳамзамон, моҳи ноябри соли гузашта дар Ашқобод мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар доираи 15-умин Ҳамоиши Сарони давлатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) мулоқот дошт.
Дар оғози сӯҳбат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва мо аз сатҳи кунунии муколамаи сиёсӣ қаноатмандем».
Айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон 59 Созишнома ва Аҳдномаро дар бар мегирад, ки бар асоси Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 16 марти соли 2007 ба имзо расидаанд, асос ёфтааст.
Мо бояд ба зиёд кардани савдои байни мамлакатхоямон ва васеъ намудани доираи хамкории худ дар сохахои гуногуни иктисодиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоем.
Дар робита ба ин, мо нақши муҳими Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчун механизми ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишварро таъкид менамоем.
Омили рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию  иқтисодии мо иҷрои ҳадафҳое мебошад, ки дар доираи Созишномаҳои дар доираи Комиссия ба даст овардашуда ва татбиқи санадҳои байнидавлатии ба имзо расидаанд.
Намунаи ин гуна ҳамкориҳои судманди мо ин бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбоӣҷон ва бо дастгирии соҳибкорони Озарбоӣҷонӣ 30-апрели соли 2020 таъсис додани «Хонаи тиҷоратии «Тоҷикистон» дар шаҳри Боку мебошад.
Имруз барои хеле зиёд кардани муомилоти моли дутарафа мо зарур мешуморем, ки хамкории дутарафаро дар тамоми сохахои ба манфиати тарафайн пурзур ва такмил дихем.
Бо истифода аз фурсат мехостам таъкид намоям, ки ҷониби мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ ба манфиати халқҳоямон ҳарчӣ бештар инкишоф ва таҳким ёбад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳор намуд.
Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Милли Маҷлиси  Ҷумҳурии Озарбойҷон фавран пас аз таъсиси парлумони нави касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли ҷорӣ ин дувумин сафари ҳайати парлумонии мо дар сатҳи олӣ мебошад. Моҳи марти соли равон Шумо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣро, ки сафари ӯ дар рушди робитаҳои парлумонӣ такони ҷиддӣ дод , ба ҳузур пазируфтед.
Бо камоли боварӣ гуфта метавонам, ки ин гуна вохурихо ва сафархо ба инкишофи нави муносибатхои мо хизмат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, мехоҳам таъкид намоям, ки мо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон қаноатмандем.
Боварӣ дорам, ки мулокоти имрӯзаи мо ба боз ҳам наздик шудани мамлакатҳо ва халқҳои мо хизмат мекунад_гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Илова кунед