Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқоти Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд
06 Июн 2022, Душанбе6 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, дар кори ҷаласаи сайёри Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқоти Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси парлумони Ҷумҳурии Арманистон Ален Симонян, Раиси парлумони Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко, Раиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов, Раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.
Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, ифтитоҳ намуда, сарони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро хайрамақдам гуфт.
Сипас, Раисони парлумонҳои кишварҳои узви СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур масъалаҳо « Оид ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ», «Дар бораи фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон оид ба муқовимат ба мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ дар заминаи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати ҷумҳурӣ дар СААД, солхои 2021-2022», « Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои иҷлосияи сентябри (2021) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва фаъолияти Созмон дар давраи байни иҷлосияҳо», «Дар бораи чораҳои такмили таъминоти ҳуқуқии фаъолияти сулҳҷӯёнаи кишварҳои узви СААД», «Дар бораи таҳияи стандарти ҳуқуқии ҳифзи интихоботи демократӣ, равандҳои интихоботӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои узви СААД аз дахолати хориҷӣ, аз ҷумла бо назардошти мушкилоти рақамӣ дар соҳаи ҷамъиятию- сиёсӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи рӯз, ҷои гузарондани маҷлиси навбатии Шӯро ва ҷаласаи понздаҳуми пленарии Ассамблеяи Парлумонии СААД ва номгуи масъалахое, ки ба лоиҳаи рӯзнома дохил карда мешаванд» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии ҳамаҷонибаи аъзои ҷаласа қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома дар назди хозирин Раиси Ассамблеяи Парлумонии СААД, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия , Вячеслав Володин, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ален Симонян, Дабири кулли СААД Станислав Зас, Раиси комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, муовини Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Анатолий Виборний, аъзои комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалахои сиёсӣ ва ҳамкории байналхалкӣ, Раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиёӣ ва муносибат бо ҳамватанон Леонид Калашников ва дигарон баромад намуда, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи созмони мазкур баромад намуда, бо истифода аз фурсат, ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ален Симонян ва Раиси АП Созмони мазкур Вячеслав Володин барои ташкили баланд ва фароҳам овардани шароити мусоид ҳангоми дарёфти сафари дӯстонаи ҳайати парлумонии Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи Шӯрои имрӯза ташаккур гӯфт.
Баргузории ҷаласаи Шӯрои АП СААД ,-таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода, далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин Созмон мебошад.
Мулоқоти имрӯзаи мо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- аз хоҳиши кишварҳои узви Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният шаҳодат медиҳад.
Дар робита ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025, ҷониби мо дар маҷмӯъ ин тағйиротро дар Барномаи фаъолият ҷонибдорӣ мекунад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки баррасӣ ва қабули ин масъалаҳо дар рӯзномаи мазкур барои таҳкими минбаъдаи амнияти кишварҳои мо заминаи устувор гузошта, самаранокии саҳми Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар густариши ҳамкориҳои парлумонӣ собит хоҳад кард.
Тоҷикистон минбаъд ҷонибдори таҳкими нақши ҳамоҳангсози Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар заминаи таъмини амнияти мебошад.
Парлумони Тоҷикистон аз талошҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Ассамблеяи Парлумонӣ комилан ҷонибдорӣ мекунад.
Умедворам, ки натоиҷи ин мулоқот омили дигари муассири таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мо хоҳад шуд,-гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар интиҳои ҷаласа нақша чорабиниҳои бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, пешниҳод гардид.
Бо ҳамин кори ҷаласаи саӣёри Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ба анҷом расид.
Дар кори ҷаласаи сайёри мазкур намояндаи комилҳуқуқӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.
