Муроҷиатномаи Ассамблеяи парлумонии СААД

19 Май 2020, Сешанбе

Муроҷиатномаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  ба парлумонҳои кишварҳои узви Шӯрои Аврупо ба муносибати 75-солагии ғалаба бар фашизм дар ҷанги дуюми ҷаҳон


Соли 2020 мардуми ҷаҳон 75-солагии ғалаба бар фашизмро дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҷашн мегиранд.

Дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  ин санаи махсус ба хотираи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки саҳми онҳо дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалкунанда буд. Дар ин ҷанг беш аз бисту ҳафт миллион писарону духтарони халқҳои мо ҷони худро аз даст доданд, ки абадӣ дар ёди наслҳо хоҳад монд.

Зиёда аз як миллион сарбозони мо ҷони худро талаф доданд ва кишварҳои Аврупоро аз ғуломии фашистӣ озод карданд. Оромгоҳҳои сершумори ҳарбӣ, ёдгориҳои зиёд, меъмориҳо дар қаламрави кишварҳои муосири аврупоӣ намунаи қаҳрамонӣ ва фидокориҳои намояндагони тамоми халқҳои моро, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ ва мазҳабашон муаррифи менамоянд. Беэътибор донистани аҳамияти онҳо ғайри қобили қабул аст.

Мо дар назди мубориза бо фашизм ва қурбониёни он боқӣ монда, дар асоси принсипҳои ҳимояи ҳақиқати таърихӣ, муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қабул шудаанд, ба парлумони давлатҳои аъзои Шӯрои Аврупо муроҷиат карда, даъват ба амал меорем, ки дар сатҳи қонунгузорӣ чунин тадбирҳо андешанд:

- ба муқобили эҳё ва таблиғи нацизм ва зуҳуроти он дар Аврупо муосир;

- ҳимояи ҳақиқати таърихӣ дар бораи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани кӯшиши аз нав дида баромадани натиҷаҳои он, паст кардани нақши ҳалкунандаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалаба;

- пешгирии сӯиистифодаи қабрҳои иштирокчиёни муборизаи зидди фашизм, хароб кардани ҷойҳои дафнҳои ҳарбӣ, харобкорӣ аз муҷассамаҳо ба аскарони озодкунандаи шӯравӣ, таъқиби собиқадорони ҷанг, поймол кардани шарафи шахсони фавтида ва ба лагерҳои консентратсионии марг;

- манъ кардани ҳама гуна кӯшиши сафед кардани фашистон ва шарикони онҳо, ки дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, амалҳои пайравони онҳо, рад ё таҳрифи қарорҳои Трибунали байналмилалии ҳарбӣ барои суд ва ҷазо додани ҷинояткорони асосии ҷангии кишварҳои осори Аврупо.

Вазифаи умумии мо нигоҳ доштани хотираи Ғалабаи Бузург, ки тамоми миллатҳои нозири фашистиро муттаҳид менамояд, эҳтиром кардани хотираи онҳоест, ки Ғалаба ғайриимкон буд, онҳо ҷони худро ба хотири озодии халқҳо ба хотири ояндаи мо қурбон карданд.

Муттаҳидсозии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мукобили реакцияи фашистй аҳамияти ҳалкунанда дорад

Илова кунед