Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов

06 Июн 2022, Душанбе

Имрӯз дар доираи кори  ҷаласаи саӣёри Раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси парлумони Ҷумҳурии  Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуд. 
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷумла аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар тамоми бахшҳо сол то сол рушду нумӯ меёбад.
Мулоқоти имрӯза,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,-  далели рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мебошад.
Ин сатхи муносибатхои Точикистон ва Қазокистон, албатта, пеш аз ҳама хизмати Сарварони давлатҳои мост.
Тоҷикистон ва Қазоқистон дӯстони хуб ва шарикони стратегӣ мебошанд. Халкҳои ҳар ду мамлакатро риштаҳои дӯстии бародарона, ки ба анъана ва арзишҳои умумӣ асос ёфтаанд, мепайвандад.
Кишварҳои мо ҳамкориҳои худро ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барқарор кардаанд.
Итминон дорам, ки Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ дар доираи ин созмонҳо ба хотири ҳифзи сулҳ, суботи минтақа ва рушди устувор равобити ҳамкории зичи худро таҳким хоҳанд дод.
Дар солҳои истиқлолият ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёт босуръат инкишоф ёфтанд.
Пойгоҳи ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Қазоқистон, ки аз беш аз 100 санад иборат аст, тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳамкориҳои моро дар бар мегирад.
 Дар бораи муносибатҳои байнипарлумонӣ сухан ронда, мехоҳам қайд намоям, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва чӣ дар доираи формати бисёрҷониба ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст.
Мо дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи Парлумонии СААД ҳамкории пурсамар дорем. Барои боз ҳам инкишоф додан ва таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар парлумони мо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шудааст.
Раиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов  дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми фурсатҳо истифода хоҳад кард. Тоҷикистон дар Осиёи Маркази яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бо Қазоқистон хеле дустии самимию холисона дорад ва мо ин нуқтаро хеле қадрдони менамоем,-гуфт Ерлан Кошанов.

Илова кунед