Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид

14 Июн 2022, Сешанбе

Имрӯз бо ташаббуси  кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода баромад намуда, иброз намуд, ки соҳаи маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти асосӣ ва стратегӣ эълон шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат дар наҷоти миллат эътироф гардидааст.
Дар баробари ин, таъмини иҷрои нақшаи Барномаи мазкур  барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва семоҳаи аввали соли 2022 нигаронкунанда аст. Зеро мувофиқи маълумотномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаи Барномаи мазкур дар соли 2021 барои харидории кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ танҳо 20 % иҷро гардидаасту халос. Дар ин бора аз ахбори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату идораҳои марбута маълумот хоҳед гирифт.
Масъулин яке аз сабабҳои иҷро нагардидани Барномаи мазкурро дар солҳои 2018- 2020 ва соли 2021 ҷудо нагаштани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мутамарказ набудани маблағгузории Барнома медонанд. Пас мувофиқи маълумотномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2022 маблағгузории Барномаи номбурда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Низоми иттилоотии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлати  рӯи сатри алоҳида пешбинӣ карда мешавад.



Ин икдом имкон медихад, ки хароҷоти Барнома мушаххас ва мақсаднок амалӣ гардида, натиҷанокӣ ва самаранокии он низ баҳогузорӣ карда шавад.
Дар ин замина тибқи маълумотномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети ҷумуриявии соли 2022 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025», маҷмуан 16,4 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Вале, ба ҳолати моҳи апрели соли ҷорӣ бо назардошти пешниҳод нагардидани дархостҳои молиявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаги номбурда хароҷот нагардидааст.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки азхуд намудани маблағҳои пешбинишуда дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сифатнок харидорӣ шудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Ғиёсиддин Шарифзода ҳамчунин таъкид намуд, ки пеш аз ҳама мушкилот дар он аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳияҳо, инчунин Сарраёсату Раёсатҳои молия дар маҳал, дар буҷаи ноҳиявӣ ба шуъбаҳои маориф барои харидории таҷҳизот ё тарғиби Барномаҳои соҳаи маориф маблағ пешбинӣ намекунанд. Дар навбати худ шуъбаҳои маориф маблағҳои ба моддаи хариди таҷҳизот равона гардидаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро барои татбиқи Барномаи мазкур назорат ва корбарӣ намекунад. Мушкилоти дигар он аст, ки барои иҷрои Барномаҳои соҳаи маориф, ки татбиқи он маблағҳои калонро талаб мекунад, ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё ду маротиба ҷиҳати дастгирӣ ва мусоидати  иҷрои Барнома ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб мефиристонад.
Мактубҳо бошанд, аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо барои иҷро ба шӯъбаҳои маориф равона карда мешаванд.
Бинобар ин ба манфиати кор мешуд, агар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба вазорат ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ҷудо мегардад, давра ба давра кабинет ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази намунавии фанҳои химия, физика ва биология харидорӣ намуда, дар яке аз мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии маркази ноҳияҳо ва шаҳрҳо насб менамуд. Зеро ин мактабҳо ҳамчун мактабҳои базавӣ дар тарғиб ва иҷрои Барнома кӯмак намуда, барои гузаронидани курси семенарҳо ба омӯзгорони фанҳои болозикр дар худуди шахру нохия мусоидат мекунанд.
Аз руи масъалаи рӯзнома, дар назди ҳозирин ҳамчунин Саидзода Раҳим Ҳамро -Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Файзалӣ – муовини Раиси Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ахбороти муфассал баромад намуданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парламентӣ қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар кори ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим иштирок намуд.

Илова кунед