Ҳуқуқҳои маъюбон аз ҷониби Парлумон ҳифз мегарданд
16 Июн 2022, ПанҷшанбеИмрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон» баргузор гардид.
Шоиста ба зикр аст, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Фармон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2 феврали соли 2018 қабул гардид.
Тибқи фармони мазкур 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал“Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” Пешвои миллат, Президенти кишвар дар бинои Созмони МилалиМуттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлат эътироф гардиданаш, қуваи қонунӣ гирифтааст.
Дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ Шодихон Ҷамшед, роҳбари Барномаи идоракунӣ волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон Алишер Каримов, Раиси “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” аъзои гурӯҳи корӣ Асадулло Зикрихудоев баромад намуда роҷеъ ба “Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва зарурати таъсиси гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ: мақсад ва вазифаҳо” ва “Муаррифии лоиҳаи Нақшаи кории (Шӯрои ҷамъиятӣ) гурӯҳи корӣ барои соли 2022” ахбороти муфассал доданд.