Ба ифтихори рӯзи ваҳдати миллӣ "ваҳдат муроди миллат"
17 Июн 2022, Ҷумъа«Ваҳдат, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳи-би ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ, ваҳдати миллӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад».
Эмомалӣ Paҳмон
Соли равон ба санади басо муҳим ва барои миллати тоҷик ва давлати мо тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид 25 сол пур мешавад.
Ба шарофати ин санади муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин замина ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз бахшем.
Аз саҳифаҳои таърих ба мо равшан аст, ки равандҳои муҳими ҳамдигарфаҳмии қавму миллатҳо дар кадом айёме набошад барои ваҳдату субот, оромӣ ва муттаҳидӣ мадад мерасонад. Ваҳдати миллии мо, ки дар асоси тафоҳуми комил ба даст омадааст, он яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳамасола дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурии азизамон пуршукӯҳтар таҷлил мегардад. Маҳз Ваҳдати миллӣ сулҳу субботро дар мамлакат таъмин бахшида, баҳри ояндаи шукуфоии кишвар ин равандро равшан сохт.
Сокинони кишвар даст ба дасти ҳам дода, барои ободии мамлакат, расидан ба ҳадафҳои волои рушду тараққиёт дилпуррона ва садоқатмандона меҳнат намуданд. Дар як давраи нисбатан кутоҳи таърихӣ мо бо азму талошҳои пайгирона тавонистем роҳи беш аз нимасраи тараққиётро пушти cap гузорем. Берун овардани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини барномаи хӯрокворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳз аз файзу баракати Ваҳдати миллииамон башорат медиҳад. Бо гузашт аз биступаҷ соли Ваҳдати миллӣ, ки ин санаи муборакро мо баъди чанде истиқболу таҷлил менамоем, дар қалбҳои хурду бузурги кишвар мафҳуми Ватану ватандорӣ, дар шуури мо амиқтар ҷой гирифт ва болотар аз ҳама. Ваҳдати миллӣ барои мо тақдирсоз гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз меъморони Сулҳу Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд, чанд рӯз қабл дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷаласаи кормандони давлатӣ бори дигар ба тақдирсоз будани Ваҳдати миллии мо ишора карда, аз ҷумла, иброз доштанд. «Бинобар ин, Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳаракаи чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем».
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз иштироки фаъолонаи занҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсию низомӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода шуд, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аст.
Дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисони роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ мегарданд.
Мақсад аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузори ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад.
Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин дар ҳама соҳаҳо, аз он ҷумла, дар соҳаи маориф, фарҳанг, савдо, соҳибкорӣ, илми муосир, сиёсат (вакилони мардумӣ дар парлумони ҶТ) ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ (Кумитаи амният ва ВКД ҶТ) кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ободии Ватану осоиштагии миллат гузошта истодаанд.
Зан ва хизмати низомӣ, зан ва силоҳ, зан ва либоси ҳарбӣ- инҳо мафҳумҳое ҳастанд аз ҳам дур, аммо новобаста аз ин, ҳоло дар ин бахшҳои дар боло номбаршуда шумораи зиёди занон паҳлу ба паҳлу баробари мардон адои вазифа намуда, дар таҳкими сулҳу амонӣ ва муҳофизати марзу буми Ватани азиз ва амнияти ҷомеа саҳми сазовор мегузоранд.
Имрӯз дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 1219 нафар зан ба ҳайси хизматчиёни ҳарбӣ, давлатӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба солҳои пештара ин нишондиҳанда 6 фисад афзудааст.
Мо метавонем номи садҳо ва ҳазорон қаҳрамонони арсаи ҷангу меҳнатро ёдовар шавем, ки барои пешрафту ободии мамлакат фидокориҳо кардаанд. Айни замон барои фаъолияти занон ва духтарон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ва ширкати онҳо дар пешрафти ҷомеа тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ин амр низ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.
Ба андешаи муовини аввалии Кумитаи занон, Марҳабо Олимӣ барои беҳтар на-мудани зиндагии занон дар Тоҷикистон бояд қонунгузории кишварро тағйир дод. Имрӯзҳо занони тоҷик асосан ба се мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд: ҳифзи ҳуқуқҳои худ, анъанаҳои шахшуда нисбати онҳо ва зӯроварӣ дар оила.
Мегӯянд, вазъи ҷомеаро аз ҳолу аҳволи занон, кӯдакон ва пиронсолонаш баҳо ме-диҳанд. Имрӯз зани тоҷик гирифтори дарди иҷтимоӣ ҳастанд, ки дармонаш осон нест. Чунин ҳол боиси он мешавад, ки бис-ёри занҳо барои раҳоии худу фарзандон аз мушкилоти фаровон розӣ мешаванд, то ба никоҳи навбатии як марди бисёрзана да-роянд. Чи хеле Гулчеҳра Шарифова, роҳбари гурӯҳи гузоришгар оид ба вазъи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ба СММ, мегӯяд, ба онҳо гоҳҳо номаву пешниҳодҳое аз заноне меояд, ки дархостҳои ғайриодӣ доранд:
Ба гуфти хонум Шарифова, ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри иҷрои уҳ-дадориҳои байналмилалиаш дар заминаи риояи ҳуқуқи зан ҳамоно мушкилоти зиёд дорад, вале фаъолияти хастанопазири созмонҳои дифои ҳуқуқи занон барои кумак дар коҳиши мушкилот назаррас аст.
Фаъолони ҳуқуқи занон мегӯянд, ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бо мавҷи нави муш-килот рӯбарӯ шудааст, ки дар гузашта набуд: масалан, мавридҳои издивоҷи бар-вақтии духтарҳо дар синни 13-14 солагӣ бо шиносномаҳои қалбакӣ, талоқҳои телефонӣ тавассути СМС, нонбиёри танҳои оила шудани занҳо аз мушкилоти даври нав бошад, масъалаҳои мисли шиддатгирии хушунат нисбати занон ва духтарон дар хонаводаҳо, бадшавии вазъи солимии занон ва кӯдакон аз он масоилест, ки сол то сол тавсеа меёбад.
Сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ибтидои солҳои 1990 ва 2000-ум, дар ҷумҳурӣ ба масъалаи занон диққати махсус дода мешавад.
Шаҳрвандони кишвар дар баробари интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Конститутсияи мамлакатро қабул намуданд, ки дар моддаи 17-уми он омадааст: «Занон бо мардон баробарҳуқуқанд». Ба шарофатии ваҳдати миллӣ аз ин ҳуқуқ занон истифода бурда, дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф фаъолона ширкат меварзанд. Имрӯз шумораи занони омӯзгор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 58588 нафар расидааст. Шумораи занону духтарони ҳамаи ихтисосҳо 6415 нафар, яъне 39 дарсад мебошад. Дар мақомоти идораҳои давлатӣ 35,2 ҳазор нафар занон фаъолият доранд.
Агар дар оғози солҳои Истиқлолият шумораи занони соҳибкор 64 нафарро ташкил карда бошанд, имрӯз корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбарашон занону духтарон мебошанд, ба 2220 расидааст. Дар соли 2019-ум 126 ҳазор нафар занону духтарон ба соҳибкории инфироди машғул буданд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 созмони ғайридавлатии занон чун «Занони маълумоти олидор», «Олимаҳои Тоҷикистон», «Модар», «Мадад», «Симо», «Малика» ва ғайраҳо амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо як марому мақсад доранд: занонро ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб намоянд. Инчунин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро ҳимоя кунанд. Ин созмонҳо конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ гузаронида, хориҷиёнро бо фаъолияти занони тоҷик шинос менамоянд. Роҳбарони созмон ва иттиҳодияҳои занони Тоҷикистон ба мо-нанди Б. Додхудоева, С. Раҷабова, М. Бобобекова ва дигарон дар ҷамъомадҳои бонуфузи байналмилалӣ дар давлатҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, ҷаҳониёнро бо дастовардҳои занони тоҷик шинос мегардонанд, барои якпорчагӣ, мустаҳкам на-мудани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳм мегузоранд.
Бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди илму маърифат имрӯз низ саҳми худро мегузоранд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ садҳо занони пурғайрат баробари мардон меҳнат мекунанд. Ба шароити душвори иқтисодӣ нигох накарда, айни замон низ чун солҳои пешин аксари муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумиро занон ташкил медиҳанд.
Ба туфайли Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин Қарори Ҳукумат аз соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократи нақши муҳим мебозад.
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар аз 6 марти соли 2015 чунин қайд шудааст, ки «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсат-мадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
Бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расо-нидани насли наврас, аз ҷониби онҳо амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст, ки ҳангоми тадриси фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаву олии касбӣ мавзуи «Ваҳдати миллии тоҷикон» дохил карда, ба хонандагон аҳамияти ин масъала омӯзонида шавад.
Зеро инсоне, ки гузаштаи таърихиашро фаромӯш мекунад, метавонад аз фориғ-болӣ ба хатогӣ роҳ дода, боиси сар задани мушкилиҳо гардад.
Зарурати инкишофи ояндаи ҷомеа талаб менамояд, ки фаъолияти мақомоти зинаҳои гуногуни давлатӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба хотири рушду такомули давлат, соҳибмаърифат намудани шаҳрвандон ва баланд бардош-тани сатҳи маърифати сиёсии ҷомеа тақвияти бештар бахшида шавад.
Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста мебошад.
Имрӯз дар ҷомеа мо, тавассути ҳамкориҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо мета-вонем Ватани худро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир расонем. Ҳа-дафҳои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси андешаи ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани густариши он дар айни замон барои таҳкиму ташаккули шароити мусоид ҷиҳати инкишофи шахсият, ҷамъият ва давлат замина фароҳам меоранд.
Чунки ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат аз омилҳои ваҳдату якдигарфаҳмӣ вобастагии зич дорад. Маҳз ҳамин омилҳо дар шароити кунунӣ ҳам барои рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва ҳам барои муқовимат бо тазоду таҳдидҳои муосир нақши муҳиму муайянкунанда мебозанд. Ҳамин тавр 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташак-кулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии киш-вар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи рахшони Тоҷикистон аст.
Хушбахтона, Ваҳдати миллӣ пойдевори рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузошт. Тӯли солҳое, ки сипарӣ гардид. Барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шукуфоии маорифи кишвар равона шуда, Тоҷикистон аз бумбасти коммуникат-сионӣ, таъминоти хӯрокворӣ сарбаландона баромад ва таъминоти энергетикӣ ҳам таъмин гардид. Мардум бо истифода аз Ваҳдати миллӣ ободкориҳоро хеле вусъат бахшиданд ва умед дорем аз он бештар равнақ мебахшанд. Дар бахши иқ-тисод, кишоварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳои муҳим муваффақиятҳо ба даст омаданд.
Хушбахтона, Ваҳдати миллӣ пойдевори рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузошт. Тӯли солҳое, ки сипарӣ гардид. Барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шукуфоии маорифи кишвар равона шуда, Тоҷикистон аз бумбасти коммуникат-сионӣ, таъминоти хӯрокворӣ сарбаландона баромад ва таъминоти энергетикӣ ҳам таъмин гардид. Мардум бо истифода аз Ваҳдати миллӣ ободкориҳоро хеле вусъат бахшиданд ва умед дорем аз он бештар равнақ мебахшанд. Дар бахши иқ-тисод, кишоварзӣ, саноат ва дигар соҳаҳои муҳим муваффақиятҳо ба даст омаданд.
Аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона бояд намуда, он солҳои душвору тақдирсоз барои миллатамонро фаромӯш насо-зем. Мухолифон ва ҳасудони Ваҳдати миллӣ борҳо муқобилият нишон дода, хос-танд чархи таърихро боз ба ақиб тоб диҳанд, аммо ба ҳадафҳои нопокашон на-расиданд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки Истиқлолияти давлатии он 30-сол сипарӣ гардид дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои рӯ ба рушд буда, бо бештар аз дусад мамолики олам робитаҳои дипломатӣ дорад, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Барои як кишваре мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешравӣ, обрӯи баланд дар миқёси байналмилалӣ ифтихори бузург ва арзанда мебошад.
Парвина Маликзод
Вакили Маҷлиси намояндагон