Вакилони Маҷлиси намояндагон дар конференсияи байналмилалии парлумонии шаҳри Минск иштирок намуданд
22 Июн 2022, ЧоршанбеВакилони Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода ва Неъматулло Холбойзода дар кори конференсияи байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Хотираи таърихӣ, ғалабаи бузурге, ки бо ваҳдат ба даст омадааст” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи конфронси байналмилалии парлумонӣ - мутаҳҳид намудани кушишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ, табодули таҷриба дар соҳаи танзими қонунгузорӣ, таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муқобили сохтакории ҳақиқати таърихӣ ва хотираи воқеаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мебошад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Зафар Файзуллозода ва Неъматулло Холбойзода, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко мулоқот намуда, дар маросими гулгузории майдони Ғалабаи шаҳри Минск, аз Академияи миллии Ҷумҳурии Белорус ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Белорус, маҷмаии ёдгории (комплекси мемориалии) “Хатин” дар ноҳияи Логойский, вилояти Минск ва мавзеҳои тарихии шаҳри Минск дидан намуданд.

Барои мардонагӣ ва мубориза ба муқобили фашизм, ки дар майдонҳои ҷанг нишон дода шудааст, 56 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуда, 54 нафари онҳо бо гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 15 нафар бо ордени «Шуҳрат дараҷаи се» сарфароз гардиданд.
Имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ки таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва оқибатҳои онро объективона инъикос намуда, насли наврасро дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром нисбат ба халқу миллатҳои дигар тарбия намоем. Мо бояд хотираи мудҳиштарин ҷанги таърихро, ки чандин қитъаро сузондааст, ба наслҳои оянда гузорем. Наслҳои нав бояд хавфи фашизмро дарк кунанд ва арзиши озодшавиро аз он дар хотир дошта бошанд-зикр карданд вакилон.
Дар кори конференсияи байналмилалии парлумонӣ, дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд.