Аз насли ҷомасафедон

19 Май 2020, Сешанбе

Табиб. Ин исм дар нигоҳи ҳар инсони дурандешу бо заковат намоди фаришта аст, бале фаришта, фариштаи имдоду наҷот. Табибон мардумоне ҳастанд, ки барои ҳифзи саломатии инсон шабу рўз талош меварзанд. Дар рўзҳои вазнин хизмати шоиста ва ҷонфидоии онҳо бештар ба чашм намоён аст.

Ҳар боре, ки оид ба воқеаҳои даҳшатноки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанию мусибатҳои инсонӣ факту делел ё навореро тамошо мекунем, ҳатман симои мунаввару имдодгари табиб ҳувайдо мегардад. Алалхус хоҳарони шафқатро дар майдони набард, байни тиру оташ мебинем. Ҷон дар рамақ, ирода дар қалб, ҷуръат дар вуҷуд, маҷруҳонро аз майдонҳои набард бурун кашида, даво мебахшанд. Ва баъзан худ низ аз тири нохалафҳо ярадор мешаванд, вале асолати худро то зинда будан иҷро мекунанд. Дар муолиҷагоҳҳои саҳроӣ бошад, барои аз марг наҷот додани аскарону афсарони захмҷони ватан бо тамоми донишу иродаи қавӣ мубориза мебаранд.

Имрўз чӣ? Чун бо нигоҳи хираду ибрат ба рўзгор назар мекунем, сарнавишти инсонӣ чунин аст, ки саҳифаҳои таърихро ба ҳар шакл манзури инсоният месозад. Агар дирўз табибон дар набард бо душманони ватан дар набард буданд, имрўз бошад бо вабое, ки ҷони инсониятро ба хатар овардааст мубориза мебаранд. Имрўз беш аз 200 мамлакати дунёро фалокат фаро гирифтааст. Бо ибораи сард, коронавирус  бо башарият “ҷанг” эълон кардааст. Риштаи умри зиёда аз 300 ҳазор одамонро кандаву боз қасди маҳви инсонҳоро дорад. Аммо инсон қодир аст, ки бар ҳама буҳрону бемориҳои сироятӣ пирўз гардад. Мутахассисону табибони олам дар он ақидаанд, ки бо пешгирии ҳамаҷониба коронавируси “COVID-19” ба фано мерасад. Ба ақидаи вирусологи  белгиягӣ Марк ван Ранст, паҳншавии ин вирус ҳамагӣ даҳ ҳафта идома меёбад.

Новобаста аз густаришу сирояти он Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқобила бо ин вабо аз рўзҳои аввали пайдоиш қоим истода, барномаҳои қавию амалиро рўи даст гирифт. Ҳарчанд дар Тоҷикистони азизи мо сирояти он собит нашуда буд, вале баҳри пешгирии он Ситоди ҷумҳуриявӣ  таъсис дода шуд. Ва барномаву нақшаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба  фаъолият шурўъ намуда, баҳри пешгирии ин вабо тамоми аҳдофи тиббию илман асоснокро роҳандозӣ намуд. Онҳоеро, ки аз дигар кишварҳо ба Ватан баргашта буданд, дар чойҳои махсус муддати 14 шабонарўз ҷойгир карданд ва тариқи  карантин ройгон  хизмати тиббӣ расонданд. Баъди карантин онҳо бардаму солим ба назди аҳли оилаашон баргаштанд.

Мутаассифона, имрўз дар кишвари мо чун 210 давлати сайёра  коронавирус дар ҳолати паҳншавӣ аст. Барои маҳдуд сохтан ва аз байн бурдани он ниҳодҳои  марбутаи тандурустӣ саъйи комил доранд. Ва зиёд ҳолатҳое шудааст, ки мутахассисон-вирусологҳо ва дигар табибон рўзҳову ҳафтаҳо дур аз оилаву фарзандон дар беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо ёрии тиббӣ мерасонанд. Ҳатто ҳаёти худро зери хатар  мегузоранд.

Мусаллам аст, ба бемории коронавирус ҳамон духтуроне шифо бахшида метавонанд, ки мутахассис ва таҷрибаи бой дошта бошанд. Хушбахтона мо дорем чунин табибони ҳозиқ. Онҳо ба қасами Гиппократ содиқанд. Шифоёбии беморро саодати хеш медонанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни ироаи Паёми шодбошиашон бахшида ба Рўзи Ғалаба аз заҳматҳои беандоза ва фидокориҳои имрўзаи табибон оид ба пешгирӣ намудани коронавирус ёдовар шуда, ба онҳо арзи сипос намуданд. Ва аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки ба ҳар гуна таҳлука наафтода, қоидаҳои беҳдоштиро қатъӣ риоя намуда, саломатиашонро ҳифз намоянд.

Вирусологи америкӣ, профессори Донишгоҳи Колорадо Чарлз Келишер дар чунин ақида аст “...бояд гуфт, ки нисбат ба вабои сад сол аз ин пеш рухдода инсоният онро осонтар паси сар мекунад”. Воқеан соли 1918 аз чунин як беморӣ дар ҷаҳон 60 миллион нафар фавтида буд, ки бо муқоисаи он сол ҳоло аз коронавирус зиёда аз 300 ҳазор нафар вафот кардаанд.

Ҳамчунин гуфтаҳои яке аз табибони ҳозиқи ҷумҳурӣ Абдухалил Холиқзода ба хотир меояд, ки таъкид дошта аст: “аз ин касалӣ тарсидан, зарурат надорад. Танҳо бо риоияи қоидаҳои беҳдоштии шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пўшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳеҷ ҷойи ваҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд”.

Матлаби мазкурро омода намудему хулосаеро барои он беҳтар аз фармудаи Пешвои муаззами миллат дарнаёфтем: “Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлўи якдигар бошем. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад”.

Хусусан дар ин лаҳзаҳои ҳасос, ки табибони ҳозиқ шабонарўз посбонони саломатии мо мебошанд, месазад ба ин “сарбозони ҷомасафед” иродаи қавию саломатии комил хоҳем.

Қаламкаш хоҳи гардидан, сабақ аз Рўдакӣ гирӣ,
Чу хоҳӣ теғкаш будан, бигири теғи Синоро.

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед