Маҳмадтоир Зокирзода бо Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд

23 Июн 2022, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки дар давоми 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.
Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи оливу баланд, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ аҳамияти хосса доранд.
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия босамар фаъолият дорад.
Парламенти Тоҷикистон ҷиҳати густариши бештари муносибатҳою ҳамкорӣ бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия омода аст, ки пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
Аз 12 то 15 октябри соли 2021 сафари расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Туркия доир гардид. Дар доираи ин сафар 13 октябри соли 2021 Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу ва Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо саҳми равобити парлумонии ду кишварро дар самти боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар натиҷаи сафари мазкур Протокол оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги Милли Туркия ба имзо расонида шуд.
“-Мо омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон хусусан ҳамкориҳои байнипарламентӣ талошҳои муштарак ба харҷ диҳем. Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ менамоем”,-афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
То ба имрӯз зиёда аз 70 санади дуҷонибаи  ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст ба имзо расидааст. Яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Туркия мебошад. Дар асоси “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ” ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба роҳ монда шудааст.
Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат бо кишвари дӯст ва бародари Туркия мебошем. Ин ҳадаф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид гардидааст-гуфт дар фарҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар табодули афкор сурат гирифта, ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Илова кунед