Дӯстии мо азалист ва абадӣ мемонад

24 Июн 2022, Ҷумъа

Вақте дар бораи дӯстии ду халқ – тоҷику ӯзбек ҳарф мезанем, дил аз фараҳ лабрез мегардад, зеро он самимию боровар аст. Ба шарофати саъю талоши сарвари ду кишвари ба ҳам дӯсту қарин - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин дӯстӣ боз ҳам мустаҳкам ва равобиту ҳамкориҳо солҳои охир рушду тавсеа ёфтаанд. Сафари ба наздикӣ анҷомдодаи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон далели ин гуфтаҳост. Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон, ки рӯзҳои 2-3 июни соли равон сурат гирифт, бо натиҷаҳои бобарор баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар ба анҷом расид.
Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 75 Созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад. Руйдоди муҳим барои шаҳрвандони ду кишвари дӯсту бародар имзои Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки орзуву омоли чандинасраи мардумони тоҷику узбекро амалӣ месозад. Натиҷаи дигари бобарори ин сафар аз ҷониби Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев расман оғоз бахшидани корҳои лоиҳакашию иктишофӣ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт мебошад. Татбиқи ин ҳадаф омили муҳими рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи барои ҷонибҳо судовари энергетика аст.
Ин далелҳо гувоҳи он аст, ки халқҳои бародари тоҷику ӯзбек ба қадри дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта мерасанд ва таҳти роҳбарии сарварони оқилу дурандеши ду давлат қуллаҳои баланди комёбиҳоро фатҳ хоҳанд кард. Панди устод Мирзо Турсунзода шиори доимиашон аст:
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дӯстии халқҳо нерӯи бузурги созанда ва таҳкимбахшандаи дунёст. Мегӯянд «ҷое сулҳ ҳаст, чӣ ҳоҷат ба ҷанг!» Дӯстӣ болоравии сиёсат, иқтисод ва маънавиётро таъмин мекунад. Дӯстӣ, худ сулҳи кулли дунё ва гузашта аз ин амнияту осоиши мардумон аст. Фирдавсии бузург ҳазор сол пеш дар «Шоҳнома» фармуда буд:
Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.  
Ҷое хонда будем, ки ҳеҷ як қавмҳои башарӣ дар дӯстӣ ба дараҷаи эскимосҳо ва мардуми Сибир, сокинони даштҳои сарди Шимолзамин намерасанд. Вале шоҳиди ҳаводисе будам, ки дӯстии тоҷикон ва ӯзбекҳо борҳо аз ҳама волотару намунаи ибрат аст.  Ин ду халқ яктану якҷон шудаанд. Душманони бурунмарзӣ ва иғвогарони дохилӣ пайваста мехоҳанд миёни ин ду миллат фитна ангезанд. Вале, дигар ин ҳамзистӣ, омезиш ва дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сарҳадоти ҳама гуна мустаҳкамиро убур карда ва ҳеҷ кассе қудрат надорад онро халалдор намояд ё миёни онҳо тухми хусумат бикорад.
Магар метавон тоҷикону ӯзбекҳоро рӯзи шодиву мотам ҷудо тасаввур кард? Расму оин, таърихи амиқ, анъаноти миллӣ ва ҳатто орзуҳои ояндаашон дар ҳам печида, омезиш ёфтааст. Гузашта аз ин оилаҳои омехта бисёранд, ки фарзандҳояшон хунан ба ҳарду миллат тааллуқ доранд. Ҳамин нирӯ ҳаст, ки тири моҷароҷӯён ҳама вақт хок мехӯрад ва минбаъд ба ҳадаф нахоҳад расид.  Дӯстии мо азалист, абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Ҳаёту фаъолияти ду бузургмард - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ собит месозанд, ки нақши ин дӯстӣ дар рӯҳонияти халқи ӯзбеку тоҷик садсолаҳо инҷониб боқӣ мондааст. Дӯстии ин мутафаккирон аз доираи муносибати соф ду шахсияти ҳамкору ҳамақида, шоистаи ибрати дигарон берун рафта, хусусияти умумиинсонӣ гирифтааст. Дӯстии ин ду абармард  исботи гуфтаҳои шайх Саъдии Шерозӣ аст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Солҳои ҳафтодуми садсолаи гузашта аз дӯстиҳои устод Мирзо Турсунзода, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Абдулло Орифов ва амсоли инҳо бисёр мегуфтанду мешунидем ва аз онҳо ибрат ҳам гирифтем.
Имрӯз анъанаи инсонҳои хирадманд ва мардумони ба ҳам дӯсти ӯзбеку тоҷикро роҳбарони дурандеши Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома ва таҳким мебахшад.
Сафарҳои кории Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев дар муносибатҳои миёни ду давлат давраи навинро ибтидо гузошт. Дар натиҷа шароит муҳайё гардид. Зинаҳои наву манфиатнок дар ҳамкорӣ ва муносибатҳои тарафайн дар оянда тай карда шавад. Табиист, ки ин амалҳо ба рушди иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёти ҳар ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.
Аз ин рӯ имрӯз шукронаи ин обу хок бояд намуд. Шукрона бояд кард, ки ин гуна Ватани ободу азиз дорем. Шукрона, ки чунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем. Тавсифи Президенти муҳтарами мо арзиши ҷилд-ҷилд китобҳоро дорад. Дар ин ҷо танҳо аз саҳифаи аввали китоби даҳгонаи «Инсонҳои беназир» чанд сатреро пешкаши хонандагон гардонем:
«Вақте ин китоб тарроҳӣ мешуд, пири нуроние  вориди коргоҳ шуд. Ҳоҷаташро  раво кардем. Пеш аз хайру хуш ба шаклдарорандагони китоб рӯ овард  ва ба он ишора карда пурсид:
- Дар ин китоб аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд мешавад?
- Шукри Худо, - гуфт тарроҳ, - Ӯ ҳамеша, дар ҳама ҷо ва ҳама кор дар ёд ҳаст.
Чун пири нуронӣ ҷавоби дилписанд гирифт, мусаннифи китоб ба ӯ рӯ овард:
- Чаро инро пурсидед?
- Чунки, - гуфт пири нуронӣ, - ба дасти Ҷаноби Олӣ ду асо ҳаст? Асои неъмат ва асои ваваҳдат. Ва панҷаҳо қавианд. («Инсонҳои беназир», ҷилди 1, Душанбе, 2022, ҶДММ «ТоРус», саҳ.2).
Воқеан, маҳз ба шарофати чунин роҳбарони дурандешу хирадманд боғи дӯстии ду халқ  бародар – тоҷику ӯзбек пурфайзтар гаштаю самараҳои хуб ба бор меоранд. Имрӯз дар сарҳадҳои ду давлат рафту омад одамон зиёд шудааст.
Инак дар натиҷаи сафари навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ва дидору мулоқот бо муҳтарам Шавкат Мирзиёев масоили гуногун, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои мавҷуда  дар соҳаҳои энергетика ва саноат нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба наздикӣ хатсайри роҳи оҳани Душанбе – Тошкант ва Тошкант – Душанбе аз нав эҳё гардид ва акнун ҳафтае як маротиба мунтазам фаъолият хоҳад кард. Ин рӯйдод боиси хушҳолии мардумони ҳар ду кишвар гардид.
Як нуктаи дигар боиси зикр аст, ки таи се соли охир дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қариб 100 санади дуҷониба ба имзо расид.
Ин далелу арқом умеди халқҳои ба ҳам қарини тоҷику ӯзбекро ба ояндаи нек ва рушду нумӯи Тоҷикистону Ӯзбекистон, таҳкими дӯстию бародарӣ боз ҳам зиёд мегардонад.
 
Неъматулло Холбойзода,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Абдулло Берунзода, рӯзноманигор.                                                                                                                                                                                    
                                                                            

Илова кунед