Мулоқоти Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо Ленни Монтиел

28 Июн 2022, Сешанбе

Имрӯз  Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо Роҳбари намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милаллӣ Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Барномаи Рушди Созмони Милаллӣ Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ таъкид намуд, ки вобаста ба муҳим будани ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин дар самти татбиқи силсила ташаббусҳои Президенти мамлакат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Соли 2025 - соли ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»,  инчунин «Солҳои 2020 -2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, рӯзноманигорон, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлативу миллӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои: «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва «Маърифати экологӣ»- ро дар соли ҷорӣ баргузор нумуда истодааст.
Комиссияи экологӣ ҳамчунин рафти иҷрои барнома ва нақшаҳои миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зистро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ мегарданд, таҳлил ва арзёби менамояд. Оид ба масъалаҳои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист хулосаҳо ва тавсияҳо медиҳад.
Дар назди порлумони Тоҷикистон вазифа гузошта шуд, ки заминаи қонунгузориро бо дарназардошти масоили тағйири иқлим ва иҷрои амалии Созишномаи Париж боз ҳам такмил диҳад.
Чанде пеш порлумони ҷумҳурӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Дар асоси қабули қарор, бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди «сабз», истифодаи васеъи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологӣ ба кишвар воридоти нақлиёти барқӣ, аз ҷумла автобусу троллейбусҳои электрикӣ пешбинӣ карда мешавад, ки аз бочхои гумруки, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешаванд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи рушди робитаҳо дар бахшҳои фарҳангӣ ва экологӣ, инчунин оид ба густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ табодули андеша карданд.

Илова кунед