Се Созишнома аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонида шуд

29 Июн 2022, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» мавриди баррасӣ қарор гирифта аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонида шуданд.
Масъалаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ муовини якуми  вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз, Ашурзода Ғиёсиддин,  Абдусаломзода Мунаввар баррасӣ намуданд.


Илова кунед