Ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

30 Июн 2022, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия танҳо як масъала «Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон баромад намуда, иброз намуд, ки Мо имрӯз аз кори иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, натиҷагирӣ хоҳем кард.
Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар кори онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеаи мо муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» ироа намуданд.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти амалигардонии ҳадафҳои Ҳукумат ва давлат возеҳу мушаххас таъкид гардида, иҷрои онҳо ба таъмини рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат намуда истодааст.
Ин ҳуҷҷати раҳнамо дар назди идораю муассисаҳои давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар вазифаҳои мушаххас гузошта, барномаи фаъолияти минбаъдаро муайян кардааст.
Яке аз муҳимтарин нуктаҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид гашта буд, омодагии ҳамаҷонибаи ҳар яки мо ба ҷашни дар пешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин самт Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифа гузоштанд, ки ба ин раванд бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат супориш доданд, ки дар тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиёни мамлакат, олимону донишмандон, ҷавонону занон, роҳбарони муассисаҳои илмиву фарҳангӣ саҳм гирифта, ин арзишҳои муқаддаси миллиро ба таври васеъ инъикос кунанд, дар тафаккур ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус наврасону ҷавонони мамлакат, мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд.
Бинобар ин, боварӣ дорем, ки сокинони ватандӯст ва бонангу номуси мамлакат ин дастуру ҳидояти Пешвои миллатро бо камоли масъулияту ифтихор пазируфтаю ҷонибдорӣ намуда, ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нав ба нав истиқбол мегиранд ва онро ба тантанаи ҳақиқии худшиносию худогоҳии миллат ва ватандӯстию ватандорӣ табдил медиҳанд.
Дар давраи зикршуда 35 ҷаласаи Шӯро ва 28 иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он беш аз 665 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул гардиданд.
Ба иҷлосияҳои сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид кардани таѓйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Дар маҷмӯъ то ба имрӯз беш аз 56 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 39 лоиҳа дар баррасии Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин 27 лоиҳаи қонуни дигар барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси Миллӣ ирсол гардида, дар муҳокима қарор дорад.
Аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 3 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 7 лоиҳаро ташкил медиҳад.
Итминони комил дорем, ки қонунҳои қабулгардида муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим дароварда, амалияи он ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меорад ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллии кишварамон такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар хотимаи сухан ба ҳамаи шумо – вакилони арҷманд сиҳату саломатӣ, саодати рӯзгор ва истироҳати хуб орзу намуда, дар зиндагии шахсию фаъолияти меҳнатиатон баҳри риоя ва таъмини волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои миллию умумибашарӣ, амалӣ намудани сиёсати гуногунҷанбаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистодаи 30-солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтани ин ҷашнҳои таърихӣ барору комёбиҳои беназир таманно дорам,-гуфт дар хотима Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи масъалаи баррасӣ гардида қарори дахлдор қабул карда шуд. 





Илова кунед