Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Руссия дар Тоҷикистон

27 Июл 2022, Чоршанбе

Масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Руссия дар меҳвари мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семенович Лякин Фролов қарор гирифт.
Маҳмадтоир Зокирзода ин мулоқотро дар самти густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода доир ба  муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор намуд, ки “Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад. Робитаҳои фаъол ва кори муштараки  роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ сурат мегиранд.”
Зикр шуд, ки бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия робитаи зичи байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Барои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ заминаи муносиби ҳуқуқӣ мавҷуд аст.
“Миёни парлумонҳоямон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, фаъоланд. Давоми ду соли фаъолияти даъвати нав вакилони мо борҳо ба Федератсияи Русия сафар намудаанд. Сар аз солҳои 2000 робитаҳои байнипарлумонии мо махсус фаъол гардиданд. Мулоқотҳои дуҷониба тақрибан ҳар сол ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ,  Ассамблеяи байнипарлумонии СААД баргузор мешаванд”. – тазаккур дод Раиси Маҷлиси намояндагон.
Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ иброз намуд, ки “ Новобаста, аз он ки  ваколати дипломатиям дар  Тоҷикистон анҷом меёбад, мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад”.

Илова кунед