Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

02 Август 2022, Сешанбе

Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя баргузор гардид.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки сафари ҳайати Ҷопон ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.

Тазаккур дода шуд, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон соли 2008 таъсис ёфта, иҷлосияи нахустини он бо иштироки ҳайатҳои парлумонии ду кишвар 6 марти соли 2019 дар Токио баргузор гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстӣ — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилон Гулбаҳор Назирӣ ва Парвина Маликзод иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳайати парлумонии Ҷопон инчунин бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода мулоқот карда, аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд.

Илова кунед