Саноатикунонии кишвар рушд меёбад

13 Ноябр 2019, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати  Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расониданд.

Зимни баррасии санади мазкур таъкид карда шуд, ки  Созишномаи иловагии мазкур бо мақсади заминагузории ҳадафи нави стратегии эълоннамудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ дар самти саноатикунонии кишвар ва амалигардии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардидааст.

Дар раванди ислоҳотҳои ҷоригардида  парки техникии корхонаҳои коммуналӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар берун аз кишвар харидорӣ ва ворид карда шуда, дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ сафарбар карда шудаанд.

Боиси зикр аст, ки дар асоси Созишнома оиди сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» мебошад.

Дар айни замон, бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, ифтитоҳи он дар муҳлати кӯтоҳтарин ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсолӣ на танҳо талаботи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад, балки барои муаррифии сазовори молҳои истеҳсолшаванда дар ҷумҳурӣ ва таъсири мусбӣ ба рейтинги кишвар дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти истеҳсолии хатарнок», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ»,  лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намуданитағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта аз рӯи масъалаҳои рузнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Худи ҳамин рӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

Илова кунед