Хониши парлумонӣ баргузор гардид

27 Май 2020, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон хониши парлумонӣ дар мавзўи «Моҳият ва аҳамияти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода баромад намуда, иброз намуд, ки Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 7 фасл, 32 боб ва 534 банд иборат мебошад, ки дар ҳар як банди он як бахши масъулияту фаъолият ва як усулу раванди кори вакилон инъикос ёфтааст.

 

Дар Хониши парлумонӣ махсусан таъкид карда шуд, ки тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се самт: қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ ташкил медиҳанд.

 

Ҳамчунин ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории вакилон, фаъолиятҳои вакилон дар самти намояндагӣ ва нақшивакилон дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ аз ҷониби Ҷамшед Муртазозода тибқи қонунгузории соҳавӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тафсир карда шуд.

 

Зимни хониши парлумонӣ ҳамчунин иброз гардид, ки ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вакилони Маҷлиси намояндагон заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии хешро таҳкими бештар бахшида барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам намудаанд.

 

Акнун имкон дорем, ки дастовардҳои Истиқлолиятро боз ҳам афзун намоем ва кишварамонро ба сатҳи сифатан нави рушд барорем.

 

Дар анҷоми хониши парлумонӣ Ҷамшед Муртазозода ба саволҳои сершумори вакилони Маҷлиси намояндагон посух гуфт.

Илова кунед