Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон ва сарнавишти зани тоҷик

14 Сентябр 2022, Чоршанбе

Низоъҳои дохилии давомдор ва бесалоҳиятии ҳокимияти марказӣ дар тӯли таърих боиси парокандагӣ ва нобудшавии миллатҳо ва давлатҳои зиёд гардидаанд. Ҳодисаҳои дар кишварамон рухдодаи  аввали солҳои 90-ум як қатор омилҳои номатлуберо ба миён оварданд, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва парокандашавии миллати тоҷиконро доштанд. Барои насли солҳои 90 ум, махсусан барои духтарону занон ин саҳифаҳои мудҳиши таърихӣ таъсуроти фаромушнашаванда гузошт. Зеро он солҳо аз ҳар гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гӯш мерасид. Оромӣ на шаб буду на рӯз. Мардум пароканда, мақсадҳо гуногун. Аҳолии бечора дар чунин лаҳзаҳои сахт аз ҳама бештар азият медид. Дар он солҳои мудҳиш, хосатан ба занон бисёр душвор буд. Зеро дар аксарияти хонавода мардон бекор монда буданд ва бори асосии  зиндагӣ ба сари занон фаромада буду ягон ҳуқуқи онҳо ҳимоя намешуд. Вазъи сиёсии он давра бӯҳрони сахти ҳокимияти давлатиро ба бор оварда буд ва танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторе буд, ки салоҳияти худро иҷро карда метавонист.  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон 16 ноябр соли 1992 кори худро бо иштироки 193 нафар вакил оғоз намуд, қадами аввалин дар бунёди сохти конститутсионии давлат буд. Далели ин суханҳо, санадҳое, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз ҳамчун ягона сохтори давлатӣ, дар чунин шароити душвори мамлакат қабулнамуда мебошад. Ин санадҳо имокнияти мӯътадил сохтани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ ва қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар заминаи ҳуқуқиро ба вуҷуд оварданд.
Вақте сухан дар бораи сарнавишти зан меравад, бояд дар бораи ҳуқуҳҳои ӯ гап занем. Агар вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ ноором бошад, дар бораи кадом ҳуқуқҳо гап задан имкон дорад? Дар ҷомеаи ноором натанҳо ҳуқуқҳои зан, балки ҳуқуқи инсон поймол мешвад. Маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон масъалаҳое баppасӣ шуданд, ки тибқи онҳо қаpоpҳое қабул шуданд, ки вазифаи асосиву сарнавиштсозро иҷро намуданд. Азҷумла, ба муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти давлат дар оянда, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти ичроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва ба қабули Конститутсияи нав замина гузоштанд. Маҳз баъд аз  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон марҳилаи нави таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз шуд.  Низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи нав ташаккул ёфт, ки бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ барои инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат намуд.
Дар таърихи навини халқи тоҷик саҳифаи нав бо унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон» боз шуд. Сарнавишти нави зани тоҷик оғоз шуд.
Боиси зикр аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Сарвари давлат қарор дошт. Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Сарвари тозаинтихобшудаи давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи занонро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои ҳалли баланд бардоштани мақоми занро таъкид сохт. Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои Иҷлосия дар тақдири занони тоҷик марҳилаи нав оғоз гардид.
Бо саъю кӯшиши Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кӯдак, таъмини иштироки ҳарчӣ бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарангӣ ва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуд. Пеш аз ҳама дар сохтори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуд.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ҳануз 27-уми декабри соли 1993-юм «Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон»-ро имзо кард. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Оид ба ҳуқуқи кӯдак» қабул шуд. Соли 1994 Тоҷикистон дар баробари гузаронидани интихоботи Президент, инчунин, Конститутсияи ҷумҳуриро қабул намуд. Яъне, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар ҷумҳурии мо нисбати занон ягон маҳдудияте вуҷуд надорад ва ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ аз он иборат аст, ки барои занҳо ва мардон имкониятҳои баробар дастрас бошанд. Дар Конститутсияи нав аллакай дар моддаи 17  таъин мешавад, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Қабул ва дар амал татбиқ шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005», (10.09.1999 № 363), «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» (19.04.2001), Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини
Ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (8.08.2001, № 391), Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29.05.2010, № 269) ва даҳҳо санадҳои дигар ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст. Ҳамагӣ дар тамоми 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвари пурқудрат 4 нафар зан вазифаи вазириро ба ӯҳда доштанд. Дар сатҳи баланди роҳбарии замони Шӯравӣ 0,5% занон буданду бас. Дар Тоҷикистони Шӯравӣ шумораи вазирзанон низ ангуштшумор буд. Умуман, таҳлили ҳайати иҷтимоӣ, этникӣ, маълумот, синну сол, касбу кори баъзе заноне, ки ба сифати вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар даъватҳои гуногун интихоб шуда буданд, далели он аст, ки низоми интихобот, «демократияи» шӯравӣ, «интихоби» вакилон дар давраи ҳукмронии ҳизби якатози ҲКИШ ва низоми маъмурӣ- фармондиҳӣ хислати намоишӣ дошта, вакилон танҳо аз рӯи нишондоди ҳизб ва дастгоҳи ҳизбӣ «интихоб» мешуданд, ки онро аслан на интихоб, балки таъиноти вакил номидан мумкин аст, зеро дар интихобот ба ҳайати мақоми олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ- Шӯрои Олӣ ба донишу малакаи занон камтар диққат медоданд. Ин нишондиҳандаи вазъи ҳақиқии занон, нақшу мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсии занон мебошад, зеро дар он давра шумораи занони маълумоти олӣ дошта, мутахассисони баландихтисос ангуштшумор буданд.
Иҷлосияи XVI ба рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ замина гузошт. Фарҳанги имрӯзаи мо ба инкишофи низоми давлатдории навин – давлатдории миллӣ дар пояи устувор ва гуманистӣ мусоидат мекунад. Дар кори Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олӣ, ки дар сарнавишти Ватани мо ва миллати тоҷик, раҳоӣ аз фоҷиаи миллӣ ва вартаи ҳалокату нобудӣ, муайян намудани роҳи сулҳу оштӣ ва рушди устувори мамлакат нақши ҳалкунанда бозид, дар байни 197 нафар вакили аз шумораи умумии 230 нафар намояндагони халқ, ҳафт нафар зан чун вакили Шӯрои Олӣ ширкат варзиданд ва дар муҳокима ва қабули қарорҳои сарнавиштсози миллат саҳми худро гузоштанд. Дар байни 230 нафар вакили Шӯрои Олӣ, даъвати дувоздаҳум (солҳои 1990- 1995) 9 нафар занон, аз ҷумла Валентина Абдусамадова, Азиза Анварова, Зууракан Давлаталиева, Мамлакат Қаҳҳорова, Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, ба мақоми баланди намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат- Шӯрои Олӣ интихоб гашта буданд. Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд. Маҳз аз ин Иҷлосия сулҳу ваҳдат, оромӣ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ибтидо гирифт. Бо талошу хизматҳои назарраси Эмомалӣ Раҳмон оромӣ дар тамоми мамлакат  фароҳам омад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро ба мардуми парокандаи тоҷик тавонист сарвари боэътимоду содиқ ба Ватанро шиносонад. Дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва дар дигар баромадҳояшон Пешвои миллат доимо дастгирии занонро дар фаъолияти худ таъкид менамуданд. Ин ҷо мехостам дар бораи новобаста аз шароити ҳассос нотарсона баромад намуда, ақидаву дархости занон- бонувони мамлакатро баён  намудани вакилзанон таъкид намоям. Чунин занон ба монанди Рафиқа Мусоева ва  Адолат Раҳмонова дар раванди ибрози ҳамраъйӣ ба он масъалаҳои ҳалталабе, ки Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон баҳри бартарафнамоии мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта пешниҳод менамуданд ва фаъолияти якҷоя бурдан вазифаҳои гуногунро пешниҳод мекарданд, на ҳар мардҳо розигӣ медоданд.
Умуман, ба таърихи парламентаризми тоҷик ва иштироки зан дар органи қонунгузор назар афканем, тадриҷан баланд шудани мақоми зан дар ин институти давлатӣ бемуҳобот ба назар мерасад. Мисоли равшан, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум (1990- 1995) ба давраи шуравӣ, яъне дар ҳайати ИҶШС будани ҶШС Тоҷикистон рост омада, баъди пош хӯрдани он аз 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати мустақил гардид. Баъдан, мақоми олии намояндагиву қонунгузор дар даврони истиқлол аз даъвати якум (1995- 2000) номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегирад.  27-уми феврали соли 2000 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дуввум (солҳои 2000-2005) баргузор гардид, ки дар ҳайати он 5 нафар зан вакил интихоб шуданд. Умуман дар мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олӣ, даъвати якум (солҳои 1995- 2000) 5 нафар зан, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати дуввум (солҳои 2000-2005) 10 нафар зан, даъвати сеюм (солҳои 2005- 2010) 11 нафар, даъвати чорум (солҳои 2010- 2015) 10 нафар, даъвати панҷум (солҳои 2015- 2020) 11 нафар, даъвати шашум (солҳои 2020-2025) 17 нафар зан вакил интихоб шуданд. Нақши таърихии ҳамин Иҷлосия ва сиёсати пешгирифтаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бе ягон квота аз байни вакил занон Г.Савриддинова, Ш.Ҳасанова, Н.Ғаффорова, Х.Мавлонова ба мақоми муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб гардидаанд. Шумораи намояндагии занон дар Маҷлисҳои вилоятӣ дар солҳои 2005- 2010 аз шумораи умумии 194 нафар- 34 нафар, дар Маҷлисҳои шаҳрӣ аз шумораи умумии 656 нафар- 93 нафар, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз шумораи умумии 1869 нафар- 91 нафарро занон ташкил мекарданд. Ҳоло бошад шумораи намояндагии занон дар Маҷлисҳои вилоятӣ дар солҳои 2020-2025 аз шумораи умумӣ тахминан нисфро занон ташкил мекунанд. Ҳангоми таҳлил маълум гардид, ки шумораи намояндагии занон дар Маҷлисҳои вилоятӣ дар солҳои 2020- 2025 назар ба солҳои 2005- 2010 аз шумораи умумӣ 124 нафар аз ҳисоби зан 11 нафар кам ба вакилӣ интихоб шуданд. Дар Маҷлисҳои шаҳрӣ бошад аз шумораи умумӣ 18 нафар аз ҳисоби занон 93 нафар ду баробар зиёд ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз шумораи умумӣ 944 нафар аз ҳисоби занон 559 нафар зиёд ба вакилӣ интихоб гардиданд.
Дар баробари иштироки фаъолонаи занон дар ҳайати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат- Маҷлиси Олӣ, сафи занони сарвар дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ дар дастгоҳи идоракунии давлати сол аз сол меафзояд. Масалан, соли 2007 дар ҷумҳурӣ 1 нафар вазир, 3 нафар муовини аввали вазир, 3 муовини вазир, 1 нафар раиси кумита, 4 нафар муовинони раиси кумитаҳои давлатӣ аз ҳисоби занон буданд. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ҳисоби занон сол аз сол меафзояд. Соли 2007 ҳафт нафар дар вазифаи раиси шаҳру ноҳияҳо, 2 нафар дар вазифаи муовини аввал, 68 нафар муовин, 90 нафар раиси ҷамоатҳо, 70 нафар муовини онҳо, 58 нафар котиби ҷамоати деҳот буданд. Алҳол, аз 1 миллиону 351,5 нафар занону духтарони вилоят 9726 нафар занони роҳбарикунанда ва 1242 нафар хизматчиѐни давлатӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар дар вазифаи раиси шаҳру ноҳияҳо, 2 нафар дар вазифаи муовини аввали Раиси вилоят, 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо, 11 нафар раиси ҷамоатҳо, 25 нафар муовинони онҳо, 39 нафар котиби ҷамоати деҳот мебошанд.
Санади муҳими дигаре, ки барои пешрафти занон алоқаманд, дар ин Иҷлосия қабул гардид, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезагон, ки  ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд ва бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи  аввалиндараҷаи худ медонанд. Зеро таърих гувоҳ аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқҳои занону духтарони тоҷик дар муҳоҷират поймол мешуданд.
Дигар иқдоми муҳим, ки заминаи пешрафту баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ин масъалаи пурра ба таҳсил фаро гирифтани  наврасону ҷавонон мебошад. Қабули қонуну барномаҳо, консепсияҳо ва қарорҳои дахлдор оид ба соҳа ба рушди зинаҳои таҳсил ва баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд. Дар ин ҷода яке аз иқдомҳои шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи Президентӣ маҳсуб меёбад.  Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд ва барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд. Аз оғози қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ 25 сол сипарӣ гардид, ки то ин дам ҳазорон нафар ба ин васила муассисаҳои олии кишварро хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ хизмати босазо доранд. 
Дар заминаи қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сиёсати давлати мо барои он равона шудааст, ки мақому манзаллати зани тоҷик дар ҷомеа ҷои худро нигоҳ дорад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо санадҳои меъёрие, ки дар давари Истиқлоият қабул шудаанд мисоли равшан мебошанд: 
- Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва         имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо  (аз 1.03.05с, №89);
- Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015;
- Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016;
- Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа;
 Ин санадҳо барои таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат равона шудааст.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ дар асоси ҳадафҳои Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон, ки орзуву ормони халқро ба сохтори давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи орому осуда ва пешрафту тараққиёти давлат гардид, ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла тамоми фаъолияти Сарвари давлат ба рушду ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ, дастгирии занон ва ҷавонон, ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ равона шудааст.
Бо даргузашти 30 сол ва бо назардошти ҳодисаҳои имрӯзаи баъзе давлатҳои минтақа назар афканем, бори дигар дайн мешавад, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон ин иҷлосияи тақдирсоз буд. Зеро таҷрибаи сулҳофаринии давлати мо, роҳҳои тамъмини сулҳ ва ба даст овардани ризояти миллӣ дар он солҳо, имрӯз низ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумҳурии Точикистон ва Сарвари тозаинтихоби тоҷикон новобаста аз бозиҳои тезутунди геополитикӣ ва фишори баланди гурӯҳҳои тавоно, нақшаҳои пурхатари доираҳои муайяни хориҷӣ ва баъзе сиёсатмадорону гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ масъулияти таърихии созандагиро ба зимма гирифта тавонистанд, ки манфиати умумиллиро аз манфиати шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ боло гузоранд.
Маҳз аз Иҷлосияи XYI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафт ва таърихи навин ибтидо мегирад. Умуман, 30 соли пас аз Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин давраи ба вуҷуд оавардани шароиту имконот барои рушди минбаъда ва пешравиҳои назарраси тамоми соҳаҳои ҷомеа, махсусан ҷавонону занони соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад. Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризоияти миллӣ ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардидааст.
  
Насиба Содиқӣ
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм,
маориф , фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.

Илова кунед