Иштироки вакилони парлумони кишвар дар мулоқот оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар шаҳри Алмаато

20 Сентябр 2022, Сешанбе

Дар ҷаласаи мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, ки рузи 20 сентябри соли 2022 баргузор гардид, узви Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат ва узви Кумитаи иқтисод ва молияи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Комиссияи экологӣ Гиёзода Азиз Қодир, инчунин намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромадҳои муфассал ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокираҳо мавқеи ҷумҳуриро оид ба сиёсати иқлимӣ ва экология муаррифӣ намуданд.
Азиззода Ғайрат дар баромади худ дар мавзуи: “Пешрафт дар самти такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда оид ба иқлим”.аз ҷумла чунин баён дошт:
-Ҳифзи муҳити зист ва экология, инчунин  сиёсати мамлакатҳо оид ба иқлим имрӯз дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи мубрам ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ ба такмили заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар миёни ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба таъсири тағйири иқлим осебпазиртар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади қаламрави он кӯҳистон аст, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, 60 дарсади манобеи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Раванди обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардид. Ин падида ҳамасола боиси хароб шудани иншооти хоҷагии халқ ва расонидани хисороти зиёди молӣ ба аҳолии кишвар мегардад.
Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо талош дорад.
Ёдовар мешавем, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009   аз минбари Конфронси байналмилалии тағйири иқлим дар Копенҳаген зарурати таъсиси сандуқи вижаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод карда буд. Дар моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи онлайнии Шӯрои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ карда, раҳбари Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъин карда шавад.
Моҳи июни соли 2022 Конфронси дуюми Душанбе бо мақсади татбиқи Ҳадафи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои 75 кишвари ҷаҳон ва беш аз 100 созмони байналмилалӣ ширкат доштанд.
То соли 2030 дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (нисбат ба давраи солҳои 1961-1990) 0,2-0,40С  болоравии ҳарорати миёнаи солона дар назар аст. Ин раванд бо тамоюле, ки дар давоми 15—20 соли охир дар мамлакат хукмфармост, рост меояд.Дар асоси гуфтаҳои боло мо бояд чораҳои асосии коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлимро андешем. Аз ҷумла, тадбирҳои қаблан мутобиқсозӣ, ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои сарфакорона истифода бурдани захираҳои об, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии экосистема ва минтақаҳои табиӣ мебошанд, ки дар муътадил гардондани иклим, сохтмони иншоотхои гидроэнергетикӣ ва гайра, ки хавфи офатҳои вобаста ба обро кам мекунанд, нақши аввалиндарача мебозанд.Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Созишномаи Париж барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим як қатор тадбирҳои қонунгузорӣ ва иқтисодӣ андешида истодааст. Хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои ин хатарҳо барои аҳолӣ ва бахшҳои асосии иқтисодиёт унсурҳои муҳими “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон барои соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мебошанд.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳити зист ва ҳифзи системаи экологии кишвар «Барномаи маҷмуавии давлатии рушди маорифи экологӣ ва маърифатнокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2021-2025»-ро, ки дар маҷмуъ тадбирҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолиро ҳамоҳанг месозад.Парлумони мамлакат як катор конунҳо ва лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо дар соҳаи муҳофизати табиат, сиёсати иклимӣ ва истифодаи табиат кабул кард. Ҳоло дар соҳаи экология зиёда аз бист қонун қабул ва мавриди амал қарор доранд. Тоҷикистон барои коҳиши минбаъдаи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар оянда саъй мекунад ва нақша дорад, ки ташаббусҳои муҳими коҳиш додани тағирёбии иқлимро амалӣ созад.Дар мулоқот инчунин узви Кумитаи иқтисод ва молияи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Комиссияи экологӣ Гиёзода Азиз Қодир дар мавзуи “Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим дар натиҷаи ҷаласаи чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ата” баромад намуда, диққати иштирокчиёни муколамаро ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷиткистон дар тадбир ҳои андешида шудаистода дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷалб намуд.Ин мулоқот, ки аз ҷониби Маркази минтақавии экологии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ доир шудааст, имкон фароҳам овард, ки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ (ВКХ) ва вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикони байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои мубрами марбут ба тағирёбии иқлим ибрози ақида намоянд.

Илова кунед