Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбанд

20 Сентябр 2022, Сешанбе

Баррасии масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон имрӯз зимни мулоқоти Раиси комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардид.
Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард,  Ҷамшед Муртазозода ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Вай фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду мамлакат арзёбӣ намуд.
Дар ин замина боздидҳои Сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо гардидаанд.
Зимни ин нишаст ҳамчунин таъкид гардид, ки самти ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфта, он ҳамаҷониба мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду кишвар мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафаӣн табодули назар сурат гирифт.
Дар мулоқот аъзои гуруҳи дустии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Муҳаммад Шодиён ва Зафар Файзуллозода иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Илова кунед