Ташаббусҳои пайваста роҳандозӣ мегарданд

28 Май 2020, Панҷшанбе

Аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 ҷаҳонро пандемияи ҷадид: КОВИД-19 фаро гирифта, то имрўз дар зиёда аз 210 давлати олам зуҳури ин беморӣ тасдиқ ва наздик ба 5,5 млн инсони сайёра ба ин вабо мубтало гардидаанд. Шумори қурбониёни ин бемории беамонро Созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ беш аз 325 ҳазор гуфтааст.

 

Дар кишвари мо низ сироятёбӣ ба ин беморӣ 30 апрел тасдиқ шуда, то ҳол беш аз 3 ҳазор ҳамватани мо ба ин маризӣ мубтало шуда, зиёда аз 1500 нафари онҳо ба таври комил шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас гардидаанд.

 

Дар пайи хуруҷи ин вабои аср тамоми кишварҳои олам ба инзивоъ гирифтор шуда, мушкилоти иқтисодӣ ва пробемаҳои тиббӣ ба якборагӣ падид омаданд. Марзҳои давлатҳо баста, интиқол ва мубодилаи молу коло манъ карда шуд. Бузургтарин корхонаҳои ҷаҳон, бандарҳои азими тиҷоратӣ, бозорҳо, фурўшгоҳҳо ва дигар маконҳои иқтисодӣ таътил шуда, маҷмуан иқтисоди олам ба рукуд мувоҷеҳ гардидааст.

 

Новобаста аз ин буҳрони азими ҷаҳонӣ имрўзҳо кўмакҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ниёзманд, беморхонаҳои кишвар, марказҳои тиббӣ ва умуман саросари мамлакат равона шуда, ин муносибати инсонпарвонаи Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик бо Пешвои хирадманду маҳбуби ин вабои азимро аз марзи Меҳани муқаддаси худ маҳв месозад.

 

Талошҳои Сарвари давлат нишон медиҳанд, ки дар баробари ҳаллу фасли муаммои дохилӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи тиббӣ ин шахсияти миллӣ дар фикри ҳамватанони хориҷиямон мебошанд. Маҳз бо ташаббус ва дастурҳои мустақими Президенти кишвар ҳамарўза афроде ки бо сабаби ин вабо дар хориҷи кишвар дармондаанд ба Ватан, ба назди аҳли оила ва хешону ақрабо оварда мешаванд. Яъне Пешвои миллат на танҳо дар андешаи сокинони кишвар, балки дар фикри ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар саросари ҷаҳон зиндагӣ ва кору пайкор доранд мебошад. Ва маҳз ин хусусият нишондиҳандаи мавҷудияти рисолати Пешвоӣ дар шахсияти Сарвари давлат мебошад.

 

Имрўз бо назардошти ҳолати пешомада, ҳар як шаҳрвандони Тоҷикистонро лозим аст, ки дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат мутаҳид бошем ва бо матонату иродаи инсонию миллии худ ин вабои азимро аз сарзамини худ маҳр намоем.

 

 

Ашуров Ғиёсиддин,
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба иқтисод ва молия.

Илова кунед