Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Гурҷистон

22 Сентябр 2022, Панҷшанбе

    Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон мулоқоти гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон доир гардид. Зимни мулоқот аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон Абдуҳалим Ғаффорзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр  Хвтисиашвили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
    Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Гурҷистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Гурҷистон муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
   Дар мулоқот доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ табодули афкори судманд карда шуд. Изҳори боварӣ гардид, ки тавассути муколамаҳои доимии байнипарлумонӣ робитаҳои дуҷонибаи парлумонҳои ҳарду ҷониб дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
   Зимни вохӯрӣ ҳамчунин Зураб Абдушелишвили - Сафири фавкулодда ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон Ғиёсиддин Ашурзода ва Файзулло Наҷмиддиниён иштирок намуданд.

Илова кунед