Саҳми созмони ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини судманди пешрафти иқтисодиёти кишварҳои узви созмон

22 Сентябр 2022, Панҷшанбе

Рӯзҳои 15-16 сентябри соли 2022 Шурои 22-юмини Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои узви ин созмони бонуфуз баргузор гашт, ки бо натиҷаҳои арзишманди самтҳои гуногун ҷамъбаст гардид. Дар ҳошияи баргузории шурои мазкур 44 ҳуҷҷатхо, аз ҷумла 22 қарор ва 22 созишномаҳо, консепсияҳо ва дигар барномаҳо аз тарафи сарони давлатҳои узви Созмон ба имзо расид, ки барои некуаҳволии аҳолии давлатҳои узви созмон   ва таъмини мувозинати доимии иқтисодии ин кишварҳо нақши муҳим мебозад. Яке аз ҳуччати асосие, ки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба имзо расониданд, ин Эъломияи Самарқандии Шурои сарони давлатҳо мебошад. Дар ин ҳуҷҷат мавқеи давлатҳои аъзои Созмон вобаста ба тараққии минбаъдаи созмон, ҳамчун таъмини бехатарӣ, рушди устувори иқтисодӣ, мустаҳкамии ҳамбастагии нақлиётӣ ва баланд бардоштани мавқеи фарҳанги иниъкос шудааст.
Бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва намояндаҳои ҳукуматҳо якчанд ҳуччатҳои муҳими ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ба имзо расонида шуд. Вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, оид ба масоили ояндаи таҳкими ҳамкориҳои дутарафа яке аз намунаҳои судманди ин вохӯриҳо ба ҳисоб меравад.
Бо бовари метавон гуфт,ки  қарорҳо ва созишномаҳои дар шурои Созмони ҳамкориҳои Шанхай қабул шуда, дар мустаҳкамии мубодилаи умумии давлатҳои узви Созмон дар самтҳои бехатарӣ, сулҳу дӯстӣ, сиёсат, нақлиёт, энергетика, савдо, ҳифзи муҳити зист, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, мубориза бар зиди биёбоншавӣ ва тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки оби тоза,амнияти бехатарии озуқаворӣ, кишоварзӣ ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ саҳми боэътимод мегузорад.
 
Шерализода Муҳамадулло
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви кумита оид ба корҳои байналмилалӣ,
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот.

Илова кунед