Ҷаласаи комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид

23 Сентябр 2022, Ҷумъа

Имрӯз дар Қасри Таврическиӣ, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини Раиси  Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласа муҳокимаи  ҳафт санад : лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», « Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии истифодаи интеллекти сунъӣ, танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, ташкили кори тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи волидайн , ва Тавсияҳо «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Илова бар ин, ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо оид ба пешниҳодҳо оид ба Нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 ва нақшаи кори Комиссия барои соли 2023 баррасӣ гардид.

Илова кунед