Ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният баргузор гардид

23 Сентябр 2022, Ҷумъа

23 сентябри соли 2022 дар Қасри Таврическиӣ, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба мудофиа ва амният баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмуроди Рустам дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. 
Дар оғоз аъзоёни комиссия масъалаи ташкилии интихоби раиси комиссия ва чонишинони уро дида баромаданд.
Дар ҷаласаи комиссия ҳамчунин баррасӣ ва қабули як қатор қонунҳои намунавӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Вакилони парлумони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ»; ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти сарҳад», «Дар бораи Сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ», ки қабули онҳо ба такмили қонунгузории давлатҳои узви ИДМ дар ин самт мусоидат мекунад, баррасӣ намуда ба Шӯрои АБ  ИДМ пешниҳод намуданд.
Дар маҷмӯъ лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории кишварҳои узви ИДМ оид ба муқовимат ба истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, моддаҳои кимиёвии хатарнок ва агентҳои патогении биологӣ қабул карда шуд.
Пас аз муҳокимаи аъзои комиссия лоиҳаи Тавсияҳо барои кишварҳои узви ИДМ оид ба пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои хулосаи коршиносон ба парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ фиристода шуд.
Ҳамчунин, аъзои комиссия пешниҳодҳоро оид ба нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025 баррасӣ намуданд.

Илова кунед