Кӯмакҳои Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон

01 Июн 2020, Душанбе

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии табибон ва оилаҳои ниёзманд барномаҳои хайриявии худро роҳандозӣ намуда, то имрӯз эҳсонкориҳои ин ҳизб ба 7 шаҳру навоҳии кишвар равона шудааст.

Ин иқдом дар рӯзҳои мушкилие, ки бо сабаби хуруҷи пандемияи Ковид-19 болои башарият пайдо шудааст амалӣ шуда, то имрӯз шаҳру навоҳии Душанбе, Исфара, Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Носири Хусрав аз ин кӯмакҳо баҳравар шудаанд.

Кӯмакҳо аз пасандозҳо ва маоши шахсии вакилону аъзоёни фаъоли ҳизб ва ҳамақидаҳои Ҳизби аграрии Тоҷикистон харидорӣ шуда, аз ниқобҳои гуногуни тиббӣ, дастпӯшҳо, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, айнакҳои тиббӣ, маҳлулҳои назофатию антисептикӣ ва маводи ғизоӣ иборат мебошанд. Инчунин ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси бемор, ки ниёз ба табобат доранд як миқдор маблағ низ ҳамчун кӯмак расонда шудааст.

- дар чунин шароите, ки боиси носуботии иқтисодию иҷтимоии сайёра гардидааст, мо вазифаи инсонии худ медонем, ки новобаста аз мавқеъи ҳизбӣ дар раванди мубориза бо ин бемории сироятӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ бошем, таъкид менамояд Рустам Латифзода – раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон. Ҳамзамон номбурда қайд мекунад: - Ҳизби аграрии Тоҷикистон барномаҳои ҳукумат ва махсусан иқдомҳои Пешвои миллатро, ки дар самти  мубориза бар зидди бемории КОВИД – 19 ва таъмини аҳолӣ бо маводи доруворию озақа татбиқ мешаванд комилан дастгирӣ намуда, мо низ кӯшиш менамоем ки дар чунин шароити ҳассос дар паҳлӯи мардуми худ бошем ва бо ҳар василае дастгирии худро ба табибон ва оилаҳои ниёзманд равона намоем.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон яке аз сераъзотарин аҳзоби сиёсии Тоҷикистон баъд аз ҲХДТ буда, 11 фисади курсиҳои Парлумон ба ин ҳизб мансуб мебошад ва фраксияи худро дорад, ки аъзоёни он аз 7 вакил: Латифзода Рустам, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Фазлиддин Икромов, Неъматулло Холбойзода, Аҳмадзода Бахтиёр ва Мансур Усмонов иборат мебошанд.

Илова кунед